Изҳороти муштараки Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ (ВИДЕО)
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт.
Дар рафти мулоқот ва музокироти самарабахш, ки дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифтанд, Сарони давлатҳо масъалаҳои калидии вазъи имрўзаи муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дурнамои тавсеаи минбаъда ва таъмиқи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии қобили таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима намуданд.
Сарони давлатҳо сатҳи баланди муколамаи байнидавлатиро, ки дар солҳои охир ба даст омадааст, инчунин тамоюли мусбати рушди ҳамкориҳоро байни ду кишвар бо қаноатмандӣ таъкид намуда, бо дарназардошти умумиятҳои чандинасраи таърихӣ ва фарҳангии мардумони ду кишвар, ки ба принсипҳои устувори дӯстӣ, накӯҳамсоягӣ ва эҳтироми ҳамдигар асос меёбанд,бо эътиқод бар он ки ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷавобгӯи манфиатҳои дарозмуддати мардумони ду кишвар буда, инчунин омили калидии таъмини сулҳ, субот, амният ва рушди устувор дар паҳнои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд,бори дигар ҷонибдории худро нисбат ба принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, аз ҷумла эҳтироми мутақобилаи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии марзҳо, адами дахолат ба корҳои дохилӣ, баробарӣ ва манфиати мутақобила таъкид намуда, бо ҳадафи тавсеа ва таъмиқи минбаъдаи муносибатҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, таъмини татбиқи саривақтӣ ва пурраи мувофиқаҳои ҳосилшуда,эълом доштанд:
1. Сарони давлатҳо бо дарки амиқи масъулияти баланди худ ҷиҳати ҳифз ва таҳкими сулҳу субот, таъмини рушд ва шукуфоии тамоми минтақа, муқаррароти Аҳдномаи дӯстии абадиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000 ба роҳбарӣ гирифта, азми устувори худро ҷиҳати рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои анъанавии дӯстӣ, накӯҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид менамоянд.
Сарони давлатҳо эътиқоди худро бар он баён намуданд, ки Аҳднома оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар рафти сафар ба имзо расид, хидматгузор хоҳад буд.
Сарони давлатҳо аҳамияти мубаддал гардидани сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба сарҳади дӯстӣ, накӯҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ, ки ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётан муҳими мардумони ду кишвари бародар мебошад, таъкид намуданд.
2. Тарафҳо ба аҳамияти муколамаи созандаи сиёсӣ ҷиҳати тавсеаи бомароми муносибатҳо байни ду давлат ишора намуда, зарурати густариши минбаъдаи робитаҳоро дар сатҳи олӣ, баланд ва дигар сатҳҳо эълом доштанд.
Президентҳо бо мақсади густариши минбаъдаи асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои дарозмуддат ва татбиқи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои мавҷудаи фарох дар ҳама самтҳои ҳамкориҳо, ҷиҳати таҳияи Аҳднома оид ба шарикии стратегии байни ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастгирии худро нисбат ба ислоҳоти бузургҳаҷме, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон роҳандозӣ кардааст ва он ба таҳкими иқтидорҳои кишвар, рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва таҳкими эътибори байналмилалии он кишвар равона гардидааст, изҳор намуд.
Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии худро нисбат ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба фаъолгардонии ҳамкориҳои минтақавӣ, хусусан оид ба ташкили мулоқотҳои машваратии мунтазами сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор намуд.
4. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастгирии худро нисбат ба кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақавӣ изҳор кард.
Роҳбарияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пуштибонии худро нисбат ба ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” баён намуд.
5. Президентҳо хислати стратегӣ доштани тавсеаи минбаъдаи мутақобилан судманди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таъкид намуданд.
Тарафҳо бо қаноатмандӣ тамоюли мусбати савдои мутақобилаи мушоҳидашавандаро қайд намуда, мавҷуд будани иқтидори бузургро барои диверсификатсияи номенклатураи гардиши савдои дуҷониба ва бардоштани ҳаҷмҳои он то 500 млн. доллари ИМА дар солҳои наздик таъкид намуданд.
Дар ин робита, Тарафҳо аҳамияти тавсеаи минбаъдаи номенклатураи савдои мутақобиларо таъкид намуданд. Тарафҳо иқтидори бузургро ҷиҳати густариши кооператсияи саноатӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва хонаҳои савдо, рушди фаъоли инфрасохтори савдои беруна ва василаҳои дастгирии амалиёти содиротиву воридотӣ, инчунин мутақобилан баргузор намудани анҷумани соҳибкорон ва намоишгоҳҳои миллии маҳсулоти саноатиро қайд намуданд.
Тарафҳо кӯшишҳои муштаракро ҷиҳати ҷалб ва ташвиқи сармоягузориҳо ба иқтисоди ҳар ду кишвар ба харҷ медиҳанд. Дар ин росто, сарони давлатҳо ба имзо расидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳоро истиқбол менамоянд.
Тарафҳо баргузории бомуваффақияти намоишгоҳҳои миллӣ ва анҷуманҳои соҳибкориро дар соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд, ки он ба тавсеаи робитаҳо байни доираҳои соҳибкорӣ ва имзои бастаи бузургҳаҷми аҳднома ва шартномаҳои тиҷоратӣ мусоидат намудааст, қайд карданд.
Намоишгоҳи “Истеҳсоли Ӯзбекистон” ва анҷумани муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар ш.Душанбе дар ҳошияи сафари сатҳи олӣ танзим гардида буданд, баланд арзёбӣ гаштанд.
Сарони ду давлат натиҷаҳои панҷумин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро, ки 10 январи соли 2018 дар ш.Душанбе баргузор гардид, мусбат арзёбӣ намуда, зарурати тақвияти минбаъдаи нақши он ҳамчун василаи самарабахши ҳалли маҷмӯаи тамоми масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин муайян намудани самтҳои нави ояндадори ҳамкориҳоро таъкид намуданд.
Ҷонибҳо зарурати тавсеа ва таъмиқи робитаҳоро байни минтақаҳои ду давлат дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ бар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкории байниминтақавӣ, ки дар доираи сафари мазкур ба имзо расид, қайд намуданд.
6. Сарони давлатҳо бо таъкиди аҳамияти хосаи татбиқи ҳамаҷонибаи маҷмӯи имконоти нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва иқтидорҳои транзитии ду кишвар, ба мақомоти дахлдор дастур доданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи алоқаи нақлиётӣ фаъол гардонанд ва масъалаҳои барқарор намудани масирҳои мавҷуда ва тарҳрезии масирҳои нави транзитии автомобилӣ, роҳи оҳан, авиатсиониро мавриди баррасї қарор диҳанд.
Президентҳо бо қаноатмандии зиёд ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақимро байни Душанбе ва Тошканд дар моҳи апрели соли 2017 таъкид намуданд.
Тарафҳо қайд намуданд, ки барқарор кардани масирҳои қаблӣ ва ифтитоҳи масирҳои нави автомобилӣ, роҳи оҳан ва авиатсионӣ байни шаҳрҳои ду кишвар ба фаъолгардонии муносибатҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат мекунад.
Қайд гардид, ки ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати ташаккули тарофаҳои рақобатпазир барои интиқоли борҳои тиҷоратии беруна бо иштироки роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкони таъмини боркашонии самарабахшро тавассути долонҳои нақлиётии амалкунанда фароҳам меорад.
Дар ин росто, сарони ду давлат барқарор шудани алоқаи роҳи оҳанро дар қитъаи Ғалаба-Амузанг истиқбол менамоянд.
7. Роҳбарони ҳар ду давлат хусусияти афзалиятноки ҳамкориҳоро дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ, рушди робитаҳои мустақим ва табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва варзишӣ, ташкилотҳои ҷавонон ва бонувон, иттифоқҳои касаба ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид намуданд.
Сарони давлатҳо баргузории муваффақонаи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2017 баланд арзёбӣ намуданд.
Сарони давлатҳо аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла тавассути густариши ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва академияҳои илмҳои ду кишвар қайд намуданд.
Тарафҳо ҷиҳати эҷоди шароити муносиб дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва омӯзгорӣ, табодули пажӯҳишгарон, мутахассисон, кадрҳои профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯён, инчунин мубодилаи маълумот оид ба эътирофи мутақобилаи санадҳо доир ба тахассус/квалификатсия ва унвонҳои илмӣ ҳамкорӣ менамоянд.
8. Тарафҳо минбаъд низ барои фаъолияти марказҳои миллии фарҳангӣ дар қаламрави ду давлат бо мақсади ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳанг ва расму анъанаҳо шароити мусоидро фароҳам оварда, ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони як давлат, ки дар қаламрави давлати дигар қарор доранд, чораандешӣ хоҳанд кард.
Президентҳои ду кишвар масъалаҳои такмили омӯзиш ва таълими забони ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, тавсеаи шабакаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, роҳандозии ҳамкориҳо ҷиҳати табодули адабиёти таълимӣ ва бадеӣ, нашрияҳои даврӣ ва интишороти илмӣ, мусоидат дар тарҷумаи осори классикон ва муаллифони муосири ду кишварро мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор медиҳанд.
Ҷониби Тоҷикистон бунёди муҷассамаи намояндагони барҷастаи мардумони ду кишвар А.Ҷомӣ ва А.Навоӣ, инчунин тармиму таҷдиди осорхонаи С.Айниро дар ш.Самарқанд истиқбол намуд.
Ҷониби Ӯзбекистон, дар навбати худ, тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба бунёди боғ дар ш.Душанбе ва гузоштани муҷассамаи А.Ҷомӣ ва А.Навоӣ дар он, истиқбол намуд.
9. Тарафҳо барқарор намудани фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадиро дар Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон истиқбол намуда, таъкид карданд, ки фаъолияти пурраи ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар хидмат мекунад ва шароити мусоидро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба фароҳам меорад.
Сарони давлатҳо бо қаноатмандӣ қайд намуданд, ки ҷорӣ намудани низоми бидуни раводид барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз ба таҳкими робитаҳо миёни мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон саҳмгузор хоҳад буд.
10. Президентҳо омодагии хешро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, тиҷорати ғайриқонунии аслиҳа, паҳншавии яроқи қатли ом, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар чолишу таҳдидҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳам дар сиғаи дуҷониба ва ҳам дар сиғаи байналмилалӣ, инчунин манъи роҳандозии фаъолияти зиддиқонунӣ, ки бар зидди манфиатҳои амнияти миллии тарафҳо дар қаламрави худ равона шудааст, таъкид намуданд.
Ба ин мақсад тамоми чораҳои зарурӣ ҷиҳати такмили ҳамкориҳо тавассути баргузор намудани машваратҳои мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Ӯзбекистон андешида хоҳанд шуд.
11. Сарони ду давлат омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, инчунин дар соҳаи таҳсилоти ҳарбӣ бар асоси зарфиятҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.
12. Президентҳо таъсиси гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро оид ба безарарсозии қитъаҳои монеаҳои муҳандисӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар истиқбол намуда, зарурати анҷоми ин корҳоро дар солҳои 2018-2019 қайд намуданд.
13. Президентҳо аҳамияти таъмиқ ва тавсеаи амалии ҳамкориҳо ва татбиқи чорабиниҳои мушаххас дар соҳаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаро қайд намуданд.
14. Тарафҳо ҳамсон ё наздик будани мавқеъгириҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро нисбат ба масъалаҳои мубрами таъмини сулҳ, субот, амният ва рушди устувори Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.
Сарони давлатҳо таъкид намуданд, ки ҳалли тамоми масъалаҳои дохилиминтақавии Осиёи Марказӣ метавонад ва бояд танҳо аз ҷониби худи давлатҳои минтақа тавассути муколамаи озод ва созанда бар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, манофеи мутақобила, эҳтиром ва ба эътиборгирии манфиатҳои ҳамдигар сурат гирад.
15. Президентҳо таъкид карданд, ки яке аз омилҳои калидии беҳбудӣ дар Осиёи Марказӣ истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ-энергетикӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамаи давлатҳои минтақа мебошад. Аҳамияти муколамаи озод, таҳкими якдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳои созанда, дарёфти роҳҳалҳои одилона ва оқилонаи мавриди пазириши тарафҳо қайд гардид.
Ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобиларо роҷеъ ба рушди шарикии минтақавӣ дар истифодаи оқилона ва одилонаи захираҳои обӣ изҳор намуданд ва аҳамияти иншоотҳои гидроэнергетикии мавҷуда ва бунёдшавандаи Осиёи Марказиро дар ҳалли масъалаҳои обӣ-энергетикӣ таъкид намуданд.
Дар робита ба ин, ҷониби Ӯзбекистон омодагии худро ҷиҳати баррасии ҳамаҷонибаи имконияти иштирок дар бунёди иншоотҳои гидроэнергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла НОБ-и Роғун, бо дарназардошти риояи меъёр ва стандартҳои байналмилалии бунёди чунин иншоот, изҳор намуд.
Сарони давлатҳо зарурати такмили василаҳои ҳуқуқии истифодаи ҳамгироёна ва самарабахши захираҳои обии фаромарзии Осиёи Марказиро, ки барои роҳандозӣ намудани муколамаи созанда бо дарназардошти манофеи ҳамаи давлатҳои минтақа саҳмгузор мебошад, таъкид намуданд.
Тарафҳо баргузор намудани Анҷумани байналмилалии муҳитзистии Осиёи Марказӣ (ш.Тошканд, 5-8 июни соли 2018) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028” (ш.Душанбе, 20-22 июни соли 2018) истиқбол менамоянд.
16. Президентҳо муттафиқ бар онанд, ки дар умури байналмилалӣ ҳалли тамоми низоъ ва ихтилофи назар танҳо бо роҳи сиёсӣ тавассути гуфтушунидҳо ва дигар абрози мусолиматомез имконпазир аст.
Тарафҳо мавҷуд будани иқтидори воқеиро ҷиҳати идома ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар саҳнаи байналмилалӣ қайд карда, саъйи мутақобиларо ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳошияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), инчунин дигар созмонҳои байналмилалӣ изҳор намуданд.
Президентҳо муттафиқ бар онанд, ки Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори байналмилалии пешсафу фарогир ба ҳифзи амнияти ҷаҳонӣ мусоидат намуда, саҳнаи асосии ҳалли масъалаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ боқӣ мемонад. Тарафҳо ҷонибдории хешро ҷиҳати таҳкими нақши марказии ҳамоҳангсозии ин ниҳод дар муносибатҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.
Тарафҳо баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба Афғонистон “Раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ” (ш.Тошканд, 26-27 марти соли 2018) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва тундгароӣ (ш.Душанбе, 3-4 майи соли 2018) истиқбол менамоянд.
Ҷониби Тоҷикистон ташаббуси ҷониби Ӯзбекистонро оид ба таҳия ва пешбурди Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ “Таҳким ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ” ва “Маорифпарварӣ ва таҳаммулпазирии динӣ”, инчунин Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои ҷавононро пуштибонӣ намуд.
Ҷонибҳо бо дарназардошти раисии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018, ҳавасмандии мутақобиларо оид ба истифодаи самараноктари абзорҳои Иттиҳод ҷиҳати табдили он ба саҳнаи фаъоли густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор доштанд.
Ҷониби Ӯзбекистон ташаббуси ҷониби Тоҷикистонро оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар ш. Душанбе пуштибонӣ намуд.
Ба ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати пуштибонии ташаббусҳои ҷониби Ӯзбекистон оид ба баргузор намудани вохӯриҳои мунтазами роҳбарони идораҳои роҳи оҳани кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва қабули Муроҷиати муштараки сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба ҷавонон миннатдорӣ баён карда шуд.
Президентҳо ҳамкориҳои созандаи ду кишварро дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ баланд арзёбӣ намуданд. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби Ӯзбекистонро оид ба баргузор намудани Дуюмин вохӯрии сарони кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ доир ба илм ва технология дар соли 2020 дар Ӯзбекистон пуштибонӣ намуд.
17. Сарони давлатҳо ҷонибдории иҷрои саривақтӣ ва боинсофонаи санадҳои дуҷонибаро, ки миёни Тарафҳо ба имзо расидаанд, баён намуда, ба мақсад мувофиқ будани такмил ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқиро ҷиҳати фаъол гардонидани муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор доштанд.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қаноатмандӣ изҳор намуда, таъкид карданд, ки гуфтушунидҳои баргузоршуда ва санадҳои зимни сафар баимзорасида ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба дар соҳаҳои гуногун такони нав мебахшанд, инчунин ба таъмиқи ҳамаҷонибаи муносибатҳои байнидавлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.
18. Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кулли мардуми тоҷик барои пазироӣ ва меҳмоннавозии самимӣ ва дӯстона нисбат ба ӯ ва аъзои ҳайати Ӯзбекистон миннатдорӣ изҳор намуд ва аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки бо сафари ҷавобии давлатӣ ба Ӯзбекистон ташриф орад. Замони мушаххаси сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ мувофиқа хоҳад гардид.
ПРЕЗИДЕНТИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ