Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз рушду густариши ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, таҳкими дӯстии давлатҳо ва мардумони тоҷику ӯзбек изҳори хушнудӣ карда, тақвияти муносибатҳои дуҷонибаро дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, саноат, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ, фарҳангу сайёҳӣ ва ғайра муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки чунин тадбирҳо дар фароҳам сохтани шароити аз имрӯза ҳам хубтару беҳтари зиндагӣ барои шаҳрвандони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистон заминаи устувор хоҳад гузошт.
Ҷонибҳо андешидани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷударо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои судманд ва пайдо намудани роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳо зарур шумориданд.