Таъиноти кадрӣ

12.07.2014 11:35, шаҳри Душанбе
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нав дар Гвардияи Миллӣ, Агентии назорати маводи нашаовар ва дар соҳаи саноат пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати содиқонаю бенуқсон, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлату миллат ва тарбияи кадрҳои ҷавони ояндадор ҳидоят намуд.
Ҳамин тариқ Талбидагӣ Давлатов, Фозил Раҳимов ва Қиёмиддин Самарзода ба вазифаҳои муовинони фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Се нафари дигар командирони се қисми низомии Гвардияи миллӣ таъин гардиданд.
Бояд таъкид дошт, ки ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Гвардияи миллӣ таъиншуда дорои тахассуси олии ҳарбӣ ва хатмкардагони донишгоҳу академияҳои бонуфузи давлатҳои мутараққии ҷаҳон мебошанд.
Муртазо Ҳайдарзода ба вазифаи Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашаовар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омад.
Дар доираи тағйроти кадрӣ дар соҳаи саноат Заробиддин Файзуллоев Муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав таъин гардида, роҳбарони се корхонаи калони саноатӣ – КВД “Коргоҳи машинасозӣ”, ҶСК “Трансформатор” ва КВД “Ҷамаст” иваз карда шуданд.
Эмомиддин Аслов Муовини вазири саноат ва технологияҳои нав таъин гардид.
Як қатор тағйироти кадрӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд. Аз ҷумла Мавсумахон Муинова Муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қиёмиддин Миралиев Муовини раиси ҳамин кумита таъин карда шуданд.
Чанде аз мутахассисони ҷавон, вале корозмуда аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла собиқ муовини якуми раиси ин кумита Кабирҷон Ҷӯраев ба вазифаҳои мушовирони бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Ҳамчунин аъзои нави Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Тавре аён гардид, қисми зиёди нафарони имрӯз ба вазифаҳои роҳбарӣ таъингардида кадрҳои ҷавону ояндадор мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки минбаъд низ ба таълиму тарбияи кадрҳои ҷавони болаёқат ва пешниҳоди онҳо ба вазифаҳои пурмасъулият бояд кӯшиш ба харҷ дод, то ки насли ояндаи соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ бо сифати баланд омода карда шавад.

www.president.tj