Ифтитоҳи биноҳои наву замонавии меҳмонхонаҳо дар Осоишгоҳи «Баҳористон»

Шоми рӯзи 29 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон»шинос шуда, ду иншоот — меҳмонхонаҳои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо ифтитоҳ карданд.Пеш аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бино ба Сарвари давлат ҳамаи маводи ғизоии дар худи осоишгоҳ истеҳсолшавандаро муаррифӣ карданд.
 
Тавре маълум гардид, барои ба истироҳаткунандагон пешкаш кардани ғизои солим ва босифату хуштамъи табиӣ дар хоҷагии ёрирасон ва коргоҳҳои он маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, нонӣ, консерваю афшураҳо ва шириниҳо таёр карда мешавад.
 
Баъди шиносоӣ бо номгуйи маводи хурокаи ошхонаҳои осоишгоҳ Президенти мамлакат меҳмонхонаи сеошёнаро бо 70 ҷойи хоб ва дигар шароити муосири истироҳату табобат ба истифода доданд.
 
Масоҳати умумии меҳмонхона 2446 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки ин бинои наву хуштарҳ дар муддати қариб 4 моҳ бо сарфи беш аз 6 миллион сомонӣ маблағҳои даромади софи осоишгоҳ бунёд шудааст, ки баробари ба истифода доданаш дар он 30 нафар бо кор таъмин гардиданд.
 
Меҳмонхонаи мазкур барои қабули меҳмонони олимақом хеле созгор аст, зеро роҳбарияти Осоишгоҳи “Баҳористон” бо завқи баланди зебоипарастӣ, бо интихоби мизу роҳаткурсиҳо, рахти хоб, таъмини таҷҳизоти муосири техникӣ, нақшу нигори миллӣ, чубкорӣ, оро додани фаршу деворҳо бо чубҳои рангаи пурнақш ва зардеворҳои пурнақш ва зарҳалӣ ин меҳмонхонаро ба як ҷойи хуби меҳмондорию меҳмоннавозӣ табдил додаанд.
 
Дар соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд шудани чунин як иншооти муосир ва муаррификунандаи санъату маданияти баланди меҳмондорию меҳмоннавозии тоҷикона хеле саривақтӣ ва баманфиат аст.
 
Тавре роҳбарияти Осоишгоҳи “Баҳористон” иттилоъ доданд, соли 2017 ҳамагӣ 750 нафар сайёҳи хориҷӣ меҳмони осоишгоҳ шуда буд, акнун танҳо дар се моҳи соли 2018 беш аз 2500 нафар мизоҷ барои истироҳату табобат ин ҷойро интихоб кардаанд.
 
Баъди шиносоӣ бо шароити қабули мизоҷон дар меҳмонхонаи якум дар роҳ ба суи иншооти дуюм Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гуруҳ истироҳаткунандагон — шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон суҳбати самимии сарирроҳӣ доир карданд.
 
Ҳамаи меҳмонон барои шароити беҳтарини хизматрасонию меҳмоннавозии кормандони Осоишгоҳи “Баҳористон” ва табиати зебои ин ҷо изҳори қаноатмандӣ карда, аз имкони дидору суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушҳолӣ намуданд.
 
Бояд гуфт, ки варзишгарони дастаҳои футболи наврасону ҷавонони Ҷумҳурии Қазоқистон соли панҷум аст, ки барои машқу тамрин маҳз Осоишгоҳи “Баҳористон”-ро интихоб мекунанд ва онҳо низ аз шароити майдончаҳои футбол ва дигар иншооти варзишӣ ибрози қаноатмандӣ карданд.
 
Масофаи умумии роҳравҳои ҳудуди Осоишгоҳи “Баҳористон” 33 километрро ташкил медиҳад ва кормандон ҳамаи онро чароғон кардаанд, ки барои сайру гашт ва истироҳат бисёр диққатҷалбкунанда мебошад.
 
Шоми имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди осоишгоҳ ҳамчунин иншооти дигар — котеджи чубини бо тарҳи нодир бунёдшударо ба истифода доданд.
 
Меҳмонсарой аз 2 ошёна утоқҳои гуногун, аз ҷумла ошхона, меҳмонхона, ҷойи хоб ва дигар ҳуҷраҳои истироҳатӣ иборат мебошад.
 
Маблағи умумии сохтмони ин бино, ки 750 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, пурра аз ҳисоби маблағҳои даромади софи осоишгоҳ сарф шудааст.
 
Дар ин бино низ ҳамаи ашёҳо, мизу курсӣ ва рахти хобу роҳаткурсиҳо босифат ва бароҳат интихоб шудааст.
 
Роҳбарияти осоишгоҳ таъкид доштанд, ки барои боз ҳам зебову дилкаш кардан ва баҳри ҷалби ҳарчи бештари мизоҷон аз тамоми имкониятҳо ва табиати дилфиреби ин мавзеъ самаранок истифода мебаранд.
 
Кормандони осоишгоҳ давоми сол ҳамчунин аз ҳисоби даромади софи худ ба дигар корҳои ободонӣ, ҷароғонкунии ҳудуди осоишгоҳ, шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ ин мавзеъро ба як баҳористони ҳақиқӣ табдил додаанд.
 
Мавриди зикр аст, ки Осоишгоҳи “Баҳористон” соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст.
 
Осоишгоҳ аз 6 бино иборат аст ва барои қабули беш аз 800 нафар мизоҷ пешбинӣ шудааст. Дар осоишгоҳ 400 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Кормандон дар навбати худ бо маоши хуб ва як вақт хуроки гарму нақлиёти хизматӣ таъмин мебошанд.
 
Баъди шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти осоишгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ баҳои арзанда дода, онҳоро барои идомаи ин тадбирҳои нек ҳидоят карданд.