Мулоқот бо Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Данн

15.07.2014 09:51, шаҳри Душанбе  Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки “Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи дурнамои сиёсати иқтисодӣ аз тавсияҳои муфиди Хазинаи байналмилалии асъор пайваста истифода мебарад”.
Таваҷҷуҳи зиёд ба коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолатҳои бӯҳронӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва кишварҳое, ки шарикони асосии иқтисодию тиҷоратии кишвари мо ба шумор мераванд, зоҳир гардид.
Ҷонатан Данн изҳор дошт, ки Хазинаи байналмилалии асъор барои татбиқи бомаром ва босамари ислоҳоти иқтисодӣ кумакҳои техникии худро ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таҳлил ва омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва дурнамои иқтисодию иҷтимоӣ бо назардошти омилҳои ҷаҳониву минтақавӣ дареғ намедорад”.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

www.president.tj