Эълон
Э Ъ Л О Н
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии 1 муовини сардор, 1 сармутахассиси раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ ва 1 мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқии раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ ва 3 сармутахассиси раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ ОЗМУН эълон менамояд.
Талабот ба довталабон:
Таҳсилоти олӣ: мутахассис дар соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшинос,
Собиқаи умумии меҳнатӣ на кам аз 1 то 6 сол ва хизмати давлатӣ на кам аз 2 то 5 сол.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд);
- маълумотнома (справка- объективка).
Музди миёнаи меҳнат аз 806 (ҳаштсаду шаш) сомонӣ то 1630, (ҳазору шашсаду сӣ) сомонӣ.
Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз, 31 (Хонаи Радио),
Телефон барои маълумот 227-65-69, 227-59-79.
Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи www.ktr.tj дастрас намоед.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рўз пас аз нашри эълон.
Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.