Бори аввал олими тоҷик соҳиби медали тиллои Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж «LIVRE PARIS-2018» гардид
Китоби «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» («Юридические термины и их лингвистические особенности») -и доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия, асосгузори юрислингвистикаи тоҷик Туғрал Шокиров бо назардошти муҳимият ва аҳамияти илмию педагогӣ дар Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж «LIVRE PARIS-2018» соҳиби медали тилло гардид.
Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж ҳамасола доир гардида, Туғрал Шокиров аввалин олимест, ки бо чунин ҷоиза сарфароз мегардад.
Тавре академик Туғрал Шокиров изҳор дошт, дар асари мазкур хусусиятҳои истилоҳоти ҳуқуқ аз лиҳози луғавию маъноӣ ва сохторию мантиқӣ аз замонҳои қадим то имрӯз таҳқиқ шуда, он метавонад ба густариши асосҳои методологии истилоҳшиносии тоҷик мусоидат кунад.
Ба гуфтаи Туғрал Шокиров, асари илмии «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» аввал дар намоишгоҳи китобҳо, ки сентябри соли 2017 дар Москва ва октябри соли 2017 дар Франкфурти лаби Майн доир шуда буданд, соҳиби ҷоиза гардида, сипас ба Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж роҳ ёфт.
«Маросими ҷоизасупорӣ 15 марти соли равон баргузор гардид, мутаассифона, ман дар он иштирок надоштам. Рӯзҳои наздик ният дорам, ки барои гирифтани медали тилло ва диплом ба шаҳри Париж сафар намоям. «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» китоби 24-уми ман буда, бо забони русӣ таълиф гардидааст. Ният дорам, ки онро то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба забони тоҷикӣ баргардон кунам»,-гуфт академик.
Мавриди зикр аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби олимони соҳаи забоншиносӣ таҳияи луғатҳои истилоҳотӣ ва соҳавии гуногунҳаҷм, асарҳои илмию тадқиқотӣ, китобҳои дарсӣ бо сабки нав бар пояи дастовардҳои навини илмӣ ба рушди илми забоншиносии тоҷик замина гузоштанд.
Академик Туғрал Шокиров аз зумраи олимонест, ки асарҳояш асосан ба масъалаҳои забон, адабиёт, таърих, сиёсатшиносӣ, маданиятшиносӣ, услубшиносӣ, истилоҳоту луғатшиносӣ, аломатҳои китобати забони тоҷикӣ бахшида шуда, соҳиби чандин ҷоизаву дипломҳо гардидааст. Ҳамзамон мавсуф асосгузори юрислингвистикаи тоҷик буда, роҷеъ ба юрислингвистика ва лингвоюристика тадқиқоти арзишманд анҷом додааст.
АМИТ «Ховар»