Барқияи тасаллият ба Сарвазири Малайзия Дато Сри Моҳд Наҷиб Тун Абдулраззоқ

18.07.2014. шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия Дато Сри Моҳд Наҷиб Тун Абдулраззоқ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Мардуми Тоҷикистон бо андӯҳи бузург хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои мусофирбари Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзияро дар қаламрави Украина, ки муҷиби шаҳодати теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ гаштааст, дарёфт намуд.
Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯст ва бародари Малайзия аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси амиқи ҳамдардии моро ба наздикони шуҳадо бирасонанд».

www.president.tj