Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф овард.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейнро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Имрӯз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот мекунад.
Инчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 20 июн дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз мебахшад, иштирок менамояд.