Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон
Баррасии масоили ҳамкории дуҷониба дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн ва бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Покистон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Нахуст дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Президенти мамлакат аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҷойгоҳи хоси Покистонро дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун шарики муътамад махсус таъкид намуданд.
Ҳар ду ҷониб ҳамкории фарогиру созандаи тарафҳо дар соҳаҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангии ҷавобгӯи манфиатҳои милливу дарозмуддати ду кишварро баррасӣ карда, омодагии худро баҳри густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ изҳор доштанд.
Барои рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо ва ташаккули маҷмӯи ҳавзаҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла, бахшҳои гидроэнергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сатмҳои мухталифи саноат ва ҳамчунин туризм саҳми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ хеле муҳим шумурда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи баланд бардоштани ҳаҷми мубодилаи тиҷорат то ба 500 миллион доллар, истифодаи муштараки имкониятҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз қабили бунёди хатти интиқоли барқи САSA — 1000, ба кор андохтани имкониятҳои нақлиётиву транзитии кишварҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.
Таъкид гардид, ки истифодаи имкониятҳои мусоиди бахшҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла, сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, истеҳсоли алюминии аълосифат, бунёди коргоҳҳои ноқил, истеҳсоли мошинҳои мухталифи барқӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва доруворӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамкории густурдаи соҳибкорони ду кишвар низ метавонанд аз самтҳои афзалиятноки равобити дуҷониба бошанд.
Раванди густариши ҳамкории байналмилалии дорои ҷанбаи башарӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳамкории илмию техникӣ ва технологӣ, густариши тамосҳои доимии зиёиёну аҳли ҳунар барои тақвияти дӯстии таърихии мардумони ду кишвар арзишманд арзёбӣ карда шуд.
Фаъолияти ҷамоаи тоҷикон “Тоҷик Қавми Иттиҳад Парти Пакистан” ва нашри маҷаллаи “Тоҷик” намунаи беҳтарини ҳамкорӣ дар ин самт номида шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои умдаи байналмилаливу минтақавӣ ҷонибҳо мавқеи муштарак ё ба ҳам наздики худро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмонҳои Ҳамкории Иқтисодӣ ва Ҳамкории Исломӣ арзишманд номиданд.
Сарони давлатҳо аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амниятӣ, ки сатҳи сифатан нав касб кардааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, инчунин истиқрори сулҳу субот дар Афғонистонро муҳокима намуданд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн Изҳороти муштарак дар бораи “Тақвияти замина барои шарокати стратегӣ ҷиҳати ҳамгироии минтақавӣ” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба имзо расониданд.
Дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои зерини байниидоравӣ ба имзо расонида шуданд:
— Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати аудитори генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иттилоот, телевизион, радио ва мероси миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти дуҷониба барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.