ДӮСТӢ САРҲАД НАДОРАД. Тақдими як зумра китобу адабиётҳои Ӯзбекистон ба китобхонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар арафаи сафари давлатии қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дирӯз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ҳамчун рамзи тавсеаи робитаҳои илмию фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба китобхонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи китобу адабиётҳои гуногунро, ки тӯли солҳои истиқлолияти давлатии ин кишвари дӯст нашр гардидаанд, тақдим намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, китобҳои тақдимнамудаи Сафири Ӯзбекистон ба китобхонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи қадимаю муосир, ёдгориҳои бостонии сарзамини Ӯзбекистон, забону адабиёт, фарҳанг, этнография ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақл мекунад ва бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидаанд.
Бояд зикр намуд, ки қаблан Сафири Ӯзбекистон ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адабиёту китобҳои гуногун тақдим намуда буд, ки яке аз онҳо китоби «Ҷомӣ ва Навоӣ» мебошад.
Ҳамзамон байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва минтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли равон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расида буд.
АМИТ«Ховар»