Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлат Президенти кишвари дӯстро бо ҷашни зодрӯзаш самимона муборакбод намуданд.
Дар идомаи суҳбат Пешвои миллат таманниёти беҳтарини худро ба ҳамтояшон иброз намуда, дастовардҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар арсаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев ва талошҳои пайвастаи ӯро ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондану тавсеа бахшидан ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахш миёни кишварҳои минтақа таъкид карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар ҳамаи ҷабҳаҳо мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ин замина Президентҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири пешбурди муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар изҳори ақида намуданд.
АМИТ «Ховар»