НОМАҲОИ ШОДБОШӢ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар арафаи фарорасии ҷашни умумимиллӣ – бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимиро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.
Муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон ба анъанаҳои неки дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтаанд. Миёни кишварҳоямон муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ, ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин ҳамгироии созанда дар ҳалли мушкилоти мубрами минтақавӣ ба роҳ монда шудаанд.
Мутмаинам, ки мо дар оянда низ иттифоқӣ ва шарикии стратегии миёни Россияву Тоҷикистонро ба манфиати халқҳоямон ва ба хотири суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба таҳким мебахшем.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз таҳти дил саломатии бардавом ва муваффақиятҳо, ба шаҳрвандони Тоҷикистон-сулҳу некӯаҳволӣ таманно дорам».
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:
«Муҳтарам ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон,
Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва инчунин мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро изҳор намоям.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо роҳи рушдро муваффақона интихоб намуд, ки ин мутобиқ ба махсусиятҳои миллии кишвар мебошад. Дар Тоҷикистон суботи сиёсӣ, рушди босуръати иқтисодӣ, беҳтаргардии мунтазами некӯаҳволии мардум ва тақвияти нуфуз ҳам дар минтақа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ ба назар мерасад. Чин ҳамчун ҳамсояи дӯсти Тоҷикистон аз ин самимона хушҳол аст.
Дар ҷараёни ҳамоиши СҲШ, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Синдаои Чин баргузор шуд, мо бо Шумо гуфтушунидҳои самаранок гузаронида, оид ба тақвияти ҳамкорӣ миёни давлатҳоямон дар ҳамаи самтҳо ба тавофуқоти муҳим расидем. Ман ба рушди муносиботи Чину Тоҷикистон аҳамияти калон дода, мехоҳам кӯшишҳои муттасили муштаракамонро якҷоя бо Шумо барои ба даст овардани комёбиҳои нав дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи шарикии стратегӣ ба манфиати давлатҳо ва мардумонамон равона намоям.
Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву қудрат ва ба мардуми он саодату некуаҳволӣ таманно дорам».
Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп дар номаи табрикотиш гуфтааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Бо камоли хушнудӣ Шумо ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлолият табрик менамоям, ки ин рӯз чун 27-умин солгарди озодию соҳибихтиёрии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Тӯли ин муддат, Иёлоти Муттаҳида дар паҳлӯи Тоҷикистон ҳамчун шарик баҳри шукуфоӣ ва амният қарор дошт. Алалхусус, дар робита ба ҳамлаи террористӣ, ки тобистони соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷодаи мубориза алайҳи терроризм изҳори сипос менамояд. Мо минбаъд низ ҷиҳати тақвияти раванди мубодилаи иттилооти зарурӣ ӯҳдадориҳоямонро идома хоҳем дод, то ки чунин ҳодисаи нохуш ҳаргиз такрор наёбад.
Дар ин санаи 9-уми сентябр, мо барои солҳои сипаришудаи шарикиамон ба Шумо сипосгузорем. Аз номи мардуми Амрико орзуҳои самимиро ҷиҳати идомаи ҳамкориамон ба хотири Тоҷикистони босубот, гулгулшукуфон ва демократӣ иброз менамоям».
Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин навишта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ман ва тамоми мардуми сермиллати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои Шумо ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҷашни миллии кишваратон — Рӯзи истиқлолият қабул фармоед!
Мо дар Ӯзбекистон аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистон — ҳамсояи наздиктаринамон дар ҳама соҳаҳо, ки бо шарофати сиёсати дурбинона, ҳикмати давлатдорӣ, меҳнати фидокорона ва маҳорати одамонро муттаҳид намудани Шумо имконпазир гаштаанд, самимона хушҳолем.
Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар дар фазои сулҳу осоишта рушди иҷтимоию иқтисодӣ устуворона таъмин гардида, нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ боло меравад.
Мехоҳам саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамҷавории нек ва ҳамкории зичи миёни давлатҳо ва мардумонамон махсус зикр намоям.
Вохӯриҳои мунтазам ва эътимоднок ва ташрифҳои мутақобилаи таърихиамон дар сатҳи олӣ, ки соли равон анҷом дода шуданд, инчунин сафари давлатии аввалини Шумо ба кишвари мо моҳи гузашта муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварданд.
Тавофуқҳои бадастомада ва санадҳои рамзии баимзорасида ба тавсеаи ҷиддии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, нақлиёт, энергетика, фарҳанг ва санъат, робитаҳои байниминтақавӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок равона гардидаанд. Онҳо, бешубҳа, барои рушди дарозмуддати ҳамгироии созанда ва пурсамар аҳамияти бузург доранд.
Консертҳои бошукӯҳи ходимони санъати Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, инчунин табодули фаъолонаи гуманитарӣ бори дигар умумияти таърихӣ ва фарҳангии моро баръало тасдиқ намуданд.
Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо дар Ӯзбекистон қатъиян ҳавасманди тақвияти минбаъдаи муколамаи ошкоро ва боэътимод буда, омодаем ҳамаи имконотро барои ҳамкории фарохтар истифода барем.
Дӯстӣ миёни мардуми ӯзбек ва тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо побарҷост ва имрӯз вазифаи мо аз он иборат аст, ки барои ба насли оянда намуна гардидани муносибатҳои ҳақиқии дӯстонаамон тамоми имконотро истифода намоем.
Мутмаинам, ки мо бо талошҳои муштарак татбиқи самарабахши иқтидорҳои шарикии стратегиро ба манфиати кишварҳо, мардумони бародарамон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин хоҳем намуд.
Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи арҷманд, саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон муваффақиятҳои нав, инчунин ба мардуми Тоҷикистон — сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».
Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони СаудӣСалмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,
Боиси сарфарозии ин ҷониб аст, ки ба муносибати солгарди Истиқлолияти давлатии кишваратон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ аз номи мардум ва Хукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ самимонатарин табрикот ва таманниёти холисонаи худро изқор намуда, ва ба Ҳукумат ва мардуми дӯст пешрафту шукуфоии бештарро таманно дорам.
Салому паёмҳои гарми моро Ҷаноби Олӣ бипазиред».
Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимии маро ба муносибати Ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Истиқлолият қабул фармоед.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ, беҳтаргардонии некӯаҳволии мардум ва баланд бардоштани нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ ба пешрафти назаррас ноил гардид. Дар робита ба ин, мехоҳам ба кишвари Шумо рушди устувор ва расидан ба ҳадафҳои баландро таҳти роҳбарии Шумо таманно намоям.
Мутмаинам, ки муносибатҳои бар дӯстии анъанавӣ ва ҳамраъйии Қазоқистону Тоҷикистон асосёфта минбаъд низ ба манфиати мардумонамон рушд хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломативу неруи бардавом ва муваффақиятҳои бузург дар фаъолияти пурмасъулатон, инчунин ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэль Макрон, чунин омадааст:
«Ҷаноби Президент,
Мехоҳам аз номи худ ва аз номи мардуми Франсия Шумо ва мардуми тоҷикро ба муносибати Ҷашни миллии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, саодат ва шукуфоӣ таманно намоям.
Умедворам, ки муносибатҳои неки сиёсии миёни кишварҳоямон беш аз пеш таҳким меёбанд. Машваратҳои сиёсии дуҷонибаи дуввум, ки миёни вазоратҳои корҳои хориҷиамон моҳи ноябри соли 2017 баргузор шуданд, дастоварде гардиданд ва мехоҳам, ки мо ин раванди некро идома диҳем. Ҳамчунин ба татбиқи дурнамои умедбахши ҳамкории иқтисодӣ миёни Франсия ва Тоҷикистон умедворам.
Иҷозат фармоед бори дигар ба пайвандони қурбониёни ҳамлаи террористии 29 июл изҳори таслият намоям. Таманно дорам, ки Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот минбаъд низ рушд намояд.
Хоҳишмандам, Ҷаноби Президент, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».
Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб – Халифа бин Зойид Оли Наҳён, дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:
«Боиси сарфарозӣ ва хушнудии ман аст, ки Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти тоҷик аз самими қалб табрик намуда, аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш менамоям, ки ба мардуми Тоҷикистон бирасонанд, ки дар ин рӯзи хурсандӣ мардуми Амороти Муттаҳидаи Араб бо онҳо шарик мебошанд.
Ба Ҷаноби Олӣ саломативу саодатмандӣ, бурдбориҳои доимӣ ва ба мардуми дӯсти тоҷик некӯӣ ва хушрӯзиро орзу менамоям.
Табрикоти самимӣ ва миннатдории маро бипазиред».
Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Шумо ва мардуми тоҷикро бо Ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ самимона шодбош мегӯям.
Бо қаноатмандӣ раванди мусбати таҳкими дӯстӣ ва шарикии бисёрҷонибаи кишварҳоямонро зикр менамоям.
Мутмаинам, ки мо бо нигоҳ доштани ҳадафмандии густариши минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ метавонем иқтидори муносибатҳои дуҷонибаро пурра татбиқ намоем.
Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, саодат ва дар маснади олӣ муваффақиятҳои нав, инчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистони бародар сулҳ, субот ва шукуфоӣ таманно дорам».
Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия – Франк-Валтер Штайнмайер, дар барқияаш навиштааст:
«Ҷаноби Президент,
Ба муносибати Рузи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва ба мардуми тоҷик аз номи худ ва аз номи ҳамватанонам табрикоти самимӣ ирсол медорам.
Соли гузашта мо 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Германия ва Тоҷикистонро таҷлил намудем. Германия аввалин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо буд, ки соли 1993 Сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Хушҳолам, аз он замон то имрӯз ба мо муяссар гашт, ки муносиботи Германия ва Тоҷикистонро тақвият бахшем.
Мушовараи сиёсии чанде қабл дар Берлин доиршуда ва сафари Гурӯҳи байнипарлумонӣ оид ба равобит бо Осиёи Марказии Бундестаги Германия ба Душанбе соли гузашта ба ҳамкории мо такони нав бахшид. Тоҷикистон минбаъд низ метавонад ба дастгирии Ҷумҳурии Федералии Германия дар таҳкими сохторҳои демократӣ, иқтисодиёти бозаргонӣ ва давлати ҳуқуқбунёд эътимод дошта бошад.
Ба муносибати ҷашни миллӣ ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон тамоми хушиҳо, сулҳ ва некӯаҳволӣ таманно дорам».
Рам Натҳ Ковинд, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:
«Ҷаноби мӯҳтарам,
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Ҳиндустон ва аз номи худам Шумо, Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолиятон табрику таҳният мегӯям.
Ҳиндустон ва Тоҷикистон бо таърих, забон, анъана, санъат ва фарҳанги муштарак бо якдигар пайванданд. Ин робитаҳо тӯли солҳо муносибатҳои наздик ва дӯстонаро густариш дода, моро ба шарикии стратегӣ оварда расониданд. Ман боварӣ дорам, ки муносибатҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар минбаъд низ густариш ва таҳким хоҳанд ёфт.
Ман умедворам, ки дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон сафар кунам.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ тамоми хушиҳо ва саломатии бардавом ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон хушбахтӣ, сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно менамоям.
Ҷаноби мӯҳтарам, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба шумо ғанимат медонам».
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Рӯзи Истиқлолият самимона табрик менамоям.
Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди устувори иҷтимоию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ собиткорона пеш меравад. Нуфузи байналмилалӣ ва нақши кишвари Шумо дар масоили минтақавӣ рӯз аз рӯз меафзояд.
Робитаҳои Озарбойҷону Тоҷикистон анъанаи бой доранд. Сафари расмии Шумо ба Озарбойҷон моҳи гузашта далели ин анъанаҳост. Мутмаинам, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандамон минбаъд низ рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо саломатии бардавом, дар коратон муваффақиятҳо ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳи пойдор ва некӯаҳволӣ таманно дорам».
Президенти Ҷумҳурии Полша – Анджей Дуда, дар барқияаш гуфтааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент,
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Полша ва шахсан аз номи худам, ба Шумо ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикот ва таманниёти самимиро изҳор медорам.
Полша ба амалҳои Тоҷикистон оид ба дастгирии амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, омодагии худро барои ҳамкорӣ ба манфиати рушди давлат иброз медорад.
Ба Ҷаноби Президент ва ҳамаи шаҳрвандон некӯаҳволӣ ва дар кори бунёди давлати муосир комёбиҳо таманно дорам».
Дар табрикномаи Президенти Ҷумҳурии Корея – Мун Чжэ Ин, чунин омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Табрикоти самимии маро Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Ман самимона боварӣ дорам, ки муносибатҳои зичи дӯстона ва ҳамкорӣ, ки дар самтҳои гуногун миёни давлатҳои мо ба роҳ монда шудаанд, минбаъд дар самтҳои барои ҳарду ҷониб манфиатовар, ки ба оянда нигаронида шудаанд, боз ҳам тақвият меёбанд. Умед дорам, ки ин ба баланд шудани некӯаҳволӣ ва хушбахтии шаҳрвандони ду кишвар, инчунин таҳкими якдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ миёни мардумонамон мусоидат менамояд.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандӣ ва комёбӣ, инчунин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шукуфоии бепоён таманно дорам».
Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон – Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи Ҳукумати Туркманистон ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлолият табрикоти самимӣ ва таманниёти некро ирсол медорам.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, боло бурдани некӯаҳволии мардум ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Мутмаинам, муносибатҳои Туркманистону Тоҷикистон, ки ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми ҳамдигар ва боварӣасос ёфтаанд, минбаъд низ ба манфиати мардумони мо рушду тахқим хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович саломатии бардавом, хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу некӯӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».
Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Подшоҳи Белгия – Филипп, Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия – Александр Ван дер Беллен, Президенти Румыния – Клаус Вернер Йоханнис, Президенти Ҷумҳурии Сингапур – Ҳалима Якуб, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ – Матамела Сирил Рамафоза, Валиаҳд, Муовини Раиси Шӯрои вазирон ва Вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Котиби Генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ – Юрий Хачатуров ва дигарон расиданд.
Инчунин, аз Подшоҳи Испания – Фелипе, Подшоҳи Таиланд – Маха Ваҷиралонгкорн, Президенти Ҷумҳурии Филиппин – Родриго Роа Дутерте, Раиси Президиуми Босния ва Гертсеговина – Бокир Изетбекович, Попи Рум – Франсиск, Ноиби Президент, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҳокими Дубай – Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум, Котиби Генералии Созмони Ҳамкории Шанхай – Рашид Олимов ва дигарон расиданд.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархундаи 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
АМИТ «Ховар»