Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадаморӣ Ошима
5 октябри соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадаморӣ Ошима мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба изҳори хушнудӣ карданд.
Аз 25 — умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ, рушди босуботи робитаҳои байнипарлумонӣ, таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, алоқаи пурсамари мақомоти қонунбарори кишварҳо, татбиқи босамари беш аз 50 санади меъёрию ҳуқуқии ба имзорасида изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Пешниҳод гардид, ки барои ба таври матлуб густариш додани муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ — Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба таҳлили заминаи қарордодию ҳуқуқӣ таъсис дода шавад.
Дар ҷараёни мулоқот имконоти васеи робитаҳо дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла ҳамкории техникӣ — гуманитарӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, истифодаи самараноки неруи инсонӣ баррасӣ шуда, пешниҳод гардид, ки барои тайёр кардани кадрҳои дараҷаи баланди бахшҳои иқтисодиёт, идоракунӣ, ҳуқуқ, нақлиёт, телекоммуникатсия, тандурустӣ, тиҷорат, кишоварзӣ, туризм, бахши бонкӣ ва молиявӣ Маркази таълимии Япония дар Тоҷикистон бунёд гардад.
Ворид кардани сармояи японӣ ва ҳамкории техникӣ барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ — гуманитарӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, рушди бахши хусусӣ, робитаҳои фарҳангӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буданд, ки ҷонибҳо оид ба иҷрои онҳо табодули андеша карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон ташриф оранд.
АМИТ «Ховар»