Рустами Эмомалӣ қарорро дар бораи таъсиси гурӯҳи таблиғотӣ имзо кард
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт гурӯҳи таблиғотӣ таъсис ёфт. Намояндагони гурӯҳи мазкур бо сокинони шаҳр мулоқоту суҳбатҳо доир намуда, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 26 декабри соли 2019-ро шарҳ медиҳанд. Гурӯҳи мазкур ҳамчунин оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мемонад.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, бо қарори мазкур ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ ва нақшаи вохӯриҳои он дар пойтахт тасдиқ гардид. Рустами Эмомалӣ сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои пойтахт, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки вохӯриҳои мазкурро дар сатҳи баланд ва тибқи тартиби муқарраргардида доир намоянд.
Ҳамчунин ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ муваззаф гардидааст, ки ба ин мулоқоту суҳбатҳо олимону коршиносони соҳаро ҷалб намоянд, то моҳияти масъалаҳои зикршударо бо аҳолии пойтахт ба таври возеҳ фаҳмонанд.
АМИТ «Ховар»