Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2020 баргузор карда шавад.
2. Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ҳайати комиссия оид ба баргузории озмун ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмун тадбир андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари дӯстдорони санъату мусиқӣ чораҷӯӣ карда, ғолибони даври якум, дуюм ва омӯзгорони онҳоро бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2020 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 феврали соли 2020
№АП-1335

Замимаи 1
ба  амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 феврали соли 2020,  №АП — 1335

Низомномаи
озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»

1. Мақсад ва вазифаҳои озмун

1. Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»  (минбаъд-озмун) ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

2. Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

3. Озмун баҳри тарғиби санъати асил,  боз ҳам ғанитар гардонидани фазои  маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик  равона гардидааст.

2.  Сарпараст ва масъулони озмун

4. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Масъулони баргузории озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошанд.

6.   Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила барои баргузории озмун мусоидат намуда, дар тарғиб, ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод ба озмун чораҷӯӣ мекунанд.

7. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои  Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даврҳои якум ва дуюми озмунро дар сатҳи баланд дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг ташкил ва баргузор карда, ғолибонро бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадр менамоянд.

3. Комиссияи озмун

8. Мутасаддии баргузории озмун-Комиссияи  озмуни «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» (минбаъд — Комиссияи озмун) мебошад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  карда мешавад.

9. Ваколатҳои Комиссияи озмун:

— тасдиқи реҷаи мушаххаси баргузории озмун;

— назорати баргузории саривақтии даврҳои  озмун;

— назорати интихоби дурусти жанру шакли асарҳои санъат;

— риояи талаботи озмун ва расонидани кӯмаки эҷодӣ ва методӣ;

— пешниҳоди ҳайати гурӯҳи ҳакамон барои санҷиш ва муайян намудани ғолибони даврҳои якум ва дуюм;

— пешниҳоди ҳайати ҳакамони озмун барои баҳогузорӣ дар даври сеюм (иборат аз 9 нафар аз ҳамаи соҳаи санъат: композитор (оҳангсоз), мусиқишинос, сарояндаи академӣ, эстрадӣ, овозхони мардумӣ, навозанда).

4. Шартҳои озмун

10. Ба озмун қабл аз ҳама  суруд ва оҳангҳои тозаэҷод, асарҳои нави композиторони ватанӣ, ҳамзамон беҳтарин осори мусиқии классикии ҷаҳонӣ, намунаҳои олии мусиқии анъанавӣ (мақомхониву фалаксароӣ),  инчунин овозхонии академӣ (вокал) пешниҳод мешаванд.

11. Озмун дар байни гурӯҳҳои зерин доир мегардад:

— хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии санъату фарҳанг;

—  хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин муассисаҳои таълимии хусусӣ;

— композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, овозхонон, навозандагон, ҳунармандон, иштирокчиёни филармония ва театрҳои халқӣ, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва  шаҳру ноҳия, аъзои ансамблҳои тарона ва рақс ва фолклорӣ, сарояндаҳои санъатдӯст, ансамблҳои оилавӣ, шахсӣ ва истеъдодҳое, ки алоҳида фаъолият менамоянд.

12. Барои ҳар як гурӯҳ Комиссияи озмун меъёрҳои мушаххас муқаррар менамояд.

13. Дар озмун композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, навозандагон, ҳунармандони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат, сарояндаҳои санъатдӯст, ансамблҳои оилавӣ, шахсӣ ва истеъдодҳое, ки алоҳида фаъолият мекунанд, иштирок карда, асарҳояшонро дар шакли якка ва гурӯҳӣ пешниҳод менамоянд.

14. Дар озмун шахсони шинохтаи фарҳангу санъат, мутрибону сарояндагони гурӯҳҳои эҷодӣ-касбӣ ширкат карда наметавонанд. Ҳамзамон, як шахс наметавонад дар ду номинатсия ширкат намояд.

15. Синни иштирокчиён аз 8 то 40 муқаррар карда мешавад.

16. Суруду оҳанг дар асоси талаботи Низомномаи мазкур, ки аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи санъату фарҳанг ба тозагӣ  таълиф шудааст, ба озмун пешниҳод мешавад.

17. Суруду оҳанги академӣ дар сабти нотавӣ ва маводи дигар дар шакли аудиоӣ ва видеоӣ пешниҳод мегарданд (бо истиснои «минус» – и сурудҳои эстрадӣ ва анъанавӣ).

18. Дар озмун истифодаи фонограмма манъ аст.

19. Ҳангоми баҳогузорӣ меъёри асосӣ мазмуну мундариҷа,  сатҳи бадеият, навоварӣ, унсурҳои тозаэҷод, ҷаззобияти шеъру суруд, оҳангҳо,  истеъдоди иҷрокунандагӣ ва маҳорати саҳнавӣ ба шумор мераванд.

20. Ғолибони озмун бо шоҳҷоиза, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд. Ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.

21. Омӯзгорон ва устодоне, ки шогирдонашон ғолиб мегарданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд карда мешаванд.

22. Ҳар давраи озмун тавассути шабакаҳои телевизион ва радио пахш гардида, аз тариқи тамоми васоити ахбори омма ба таври васеъ тарғиб карда мешавад.

23. Теъдоди иштирокчиёни даври якум бемаҳдуд буда, ғолибони даври якум ба даври дуюм ва ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳхат мегиранд.

24.  Пайдарпайии баромади иштирокчиён тибқи қуръапартоӣ сурат мегирад.

25.  Хароҷоти баргузории иштирокчиёни озмун дар даври сеюм, ки дар  шаҳри Душанбе  баргузор мегардад, аз ҷумла хароҷоти рафту омад  ва буду боши ғолибони даври дуюм ба зиммаи Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор карда мешавад.

5. Даврҳои баргузории озмун

26. Озмуни мазкур дар се давра гузаронида мешавад:

а)  даври якум дар шаҳру ноҳияҳо моҳҳои май – июни соли  2020 баргузор мешавад.

Довталабон дар ин даври озмун аз ҷониби гурӯҳи мутахассисони соҳаи фарҳанг ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мегарданд. Ғолибон баъди баргузор кардани озмуни ноҳиявию шаҳрӣ ба даври дуюм пешбарӣ карда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадоранд, ки шаффофияту иҷрои муқаррароти Низомномаи мазкурро таъмин намоянд;

б) даври дуюм дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт моҳҳои сентябр — октябри соли 2020 баргузор мешавад.

Довталабон дар ин давра аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун муайян  мегарданд. Қисмати ташкилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории даври дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор мегардад;

в) даври сеюм дар шаҳри Душанбе  то 16 ноябри  соли 2020 бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мегардад.

Ба даври сеюм ғолибони даври дуюм даъват мешаванд.

27. Ҳуҷҷатҳо оид ба ҷамъбасти даврҳои якум, дуюм ва сеюм бо протокол ба расмият дароварда шуда, ба он ҳайати ҳакамон имзо мегузоранд. Барандаи шоҳҷоизаро ҳайати ҳакамон аз ҳисоби беҳтарин композиторон, сарояндагон ва навозандагон муайян мекунанд.

28.  Рӯйхати ғолибони даври сеюм ва шоҳҷоиза дар асоси протоколи ҳайати ҳакамон аз ҷониби Комиссияи озмун тасдиқ гардида, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешавад.

6. Номинатсияҳо, талабот ва  баҳогузорӣ ба онҳо

29. Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

—  номинатсияи композиторӣ (оҳангсозӣ);

—  номинатсияи сарояндагӣ;

—  номинатсияи навозандагӣ.

30. Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ  мебошад.

31. Талаботи номинатсияи композиторӣ (оҳангсоз):

Дар номинатсияи  композиторӣ (оҳангсоз) танҳо шахсони дорои маълумоти миёнаи ибтидоии махсус, миёнаи махсус ва олии  мусиқии касбӣ иштирок мекунанд.

32. Наврасони бахши таълимии назди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон низ иштирок карда метавонанд.

33. Ба озмун асарҳое пешниҳод мегарданд, ки фарогири мавзӯи зебоиҳои табиати Тоҷикистон, васфи Ватану ватандӯстӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқу ҷавонӣ, ғояҳои Истиқлолияту Озодӣ ва об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт бошанд.

34. Жанрҳои композиторӣ (оҳангсоз) интихобӣ буда, муаллиф метавонад дар жанрҳои пйесаи консертӣ, таронаи консертӣ, суруд, асари камеравии созӣ ё овозӣ, достони симфонӣ, опера, симфония, консерти созӣ, асарҳои полифонӣ, миниатюраи созӣ ва ё аз жанрҳои дигари мусиқии композитории ҷаҳонӣ якеро интихоб намояд.

35. Иштирокчӣ дар номинатсияи композиторӣ (оҳангсозӣ) метавонад аз 2 то 3 асари худро ба озмун пешниҳод намояд. Асарҳо ҳатман дар шакли клавир ё партитура ба Комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд.

36. Асарҳои ғолибони даври дуюм дар даври сеюм аз ҷониби гурӯҳҳои ҳунарии касбӣ – оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ, оркестрҳои эстрадӣ ва ҳарбӣ, мутрибони касбӣ иҷро карда мешаванд.

37. Ҳангоми баҳогузорӣ ба  маҳорати техникаи композитсия, тарзи созбандӣ ва фактура дар партитура ё клавир, хусусиятҳои хоси драматургия ва таълифи мусиқӣ, интихоби дурусти мавзӯъ, мутобиқати шаклу мазмуни асари мусиқӣ, ҳамоҳангии мусиқӣ (гармония), дуруст истифода бурдани матни шеър ва ғайраҳо аҳамият дода мешавад.

38. Талаботи номинатсияи сарояндагӣ  (академӣ, эстрадӣ ва анъанавӣ) — ро маҳорати  баланди касбӣ, интихоби муносиби шеъру суруд, мазмуну мундариҷа, риояи савтиёти тоҷиконаи талаффуз, хушовозӣ, лаҳни баён,  диапазони овоз, дуруст тақсимбандии ҳиҷоҳо, талаффузи бурро, саҳназебии сароянда, либоси саҳнавӣ, этика ва ҳаракати саҳнавӣ, ҷалби шунаванда ва самимияти сарояндагӣ ташкил медиҳад.

39.  Иштирокчӣ дар номинатсияи сарояндагии академӣ метавонад 2 ё 3 асарро аз қабили ария аз операҳо, романс, кантата, оратория ва дигар равияҳои жанрҳои академӣ аз эҷодиёти композиторони тоҷик ва ҷаҳонӣ аз рӯи хоҳиши худ иҷро намояд. Ҳамзамон, иҷрои асарҳои бисёровоза, аз қабили дуэт, трио, квартет, квинтет, акаппела ва ҳамсароён иҷозат дода мешавад.

40. Дар номинатсияи  сарояндагии академӣ танҳо шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки маълумоти миёнаи ибтидоии махсус, миёнаи махсус ва олии  мусиқӣ дошта бошанд.

41. Асарҳо бо ҳамовозии фортепиано, ансамбли камеравӣ, оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ ва ё консертмейстер иҷро гардида, клавири асар ва матни шеър ба Комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд.

42.  Давомнокии иҷрои асарҳо  барои як асар то 10 дақиқа муаяйн шуда, асарҳо азёд  ва бо забони асл иҷро карда мешаванд. Иштирокчӣ як асарро танҳо дар як давр метавонад иҷро намояд. Ария ва партияҳои операвию  кантата  ва ораторияҳо танҳо дар лаҳни аслӣ, ки барои овозҳои муайян (мардона – бас, баритон, тенор ва занона – сопрано, метсосопрано ва контралто)  эҷод гардидаанд, иҷро карда мешаванд.

43. Дар асоси талаботи номинатсияи сарояндагии анъанавӣ иштирокчӣ 2 ё 3 сурудро ба Комиссияи озмун пешниҳод менамояд. Асарҳои иҷрогардида бояд малакаи овозхонӣ, диапазон, маҳорати саҳнавӣ, сару либоси иштирокчиро мутобиқи жанри суруд нишон дода тавонад. Давомнокии иҷрои сурудҳо то 5-7 дақиқа (барои 1 суруд) мебошад.

44. Дар номинатсияи сарояндагии анъанавӣ иҷрои жанрҳои шашмақому фалак (силсилахонӣ) иҷозат дода мешавад. Шеърҳо бояд аз баёзҳои нав нашргардида интихоб шаванд. Иштирокчӣ сурудҳоро бояд бо ҳамовозии гурӯҳҳои ҳунарӣ ё сози миллӣ иҷро намояд.

45. Талаботи номинатсияи саряндагии эстрадӣ:

Иштирокчӣ дар номинатсияи сарояндагии эстрадӣ 2 ё 3 суруди эстрадиро аз эҷодиёти композиторони тоҷик ва  ҷаҳонӣ, жанрҳои ретро, диско, поп, ҷаз ё асари худи иштирокчӣ ба Комиссияи озмун пешниҳод менамояд.

Хондани реп манъ аст.

46. Иштирокчӣ дар номинатсияи сарояндагии эстрадӣ инчунин метавонад як суруди халқиро дар коркарди нав ва бо риояи тамоми талаботи жанри эстрада иҷро намояд.

47.  Давомнокии иҷрои сурудҳо то 5-7 дақиқа (барои 1 суруд) буда, иҷрои сурудҳое, ки навозиши  созии зиёд доранд, ҷоиз нест. Иштирокчӣ сурудҳоро бояд бо ҳамовозии гурӯҳҳои эстрадӣ ё  сози барқӣ, инчунин мусиқии сабтшуда  (-1) дар формати CD ё мини-диск иҷро намояд.

48.  Асоси талаботи номинатсияи навозандаро интихоби асари мусиқӣ, мазмун ва мундариҷа, хушсадоӣ, техникаи садобарорӣ, дилнишинии сабки навозандагӣ, этикаи саҳнавӣ, симои зоҳирӣ, эҳсосоти зарбию оҳангӣ, самимияти навозандагӣ, маҳорати касбӣ ва  сабки навозиш ташкил медиҳад.

49. Дар номинатсияи  навозандагии академӣ  танҳо шахсоне  метавонанд иштирок намоянд, ки маълумоти миёнаи ибтидоии махсус, миёнаи махсус ва олии  мусиқӣ дошта бошанд.

50. Дар жанри навозандаи академӣ    иштирокчӣ 2  асари мураккабро  аз қабили пйесаҳои гуногунмазмун ва гуногунжанр (лирикӣ ва техникӣ) ва як асари калонҳаҷм (соната, вариатсияҳо, консерт ва ғ.) аз рӯи интихоби худ бояд иҷро намояд. Асарҳо аз ёд навохта  шуда,  1  асар ҳатман бояд аз асарҳои композиторони тоҷик бошад. Давомнокии иҷрои 1 асар то 4-5 дақиқа муқаррар карда шудааст.

51.  Асарҳо дар созҳои аврупоиасос ва миллӣ (фортепиано, созҳои торӣ-камонӣ, нафасӣ, созҳои торӣ-зарбӣ, мизробӣ ва созҳои зарбӣ), инчунин бо ҳамовозии фортепиано, ансамбли камеравӣ, оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ ва ё консертмейстер иҷро гардида, клавири асар ба Комиссияи озмун пешниҳод карда мешавад.

52. Дар номинатсияи навозандаи анъанавӣ мутрибони касбӣ ва ҳаваскор низ метавонанд иштирок намоянд. Иштирокчӣ 2 асари халқии гуногунмазмун ва гуногунжанрро дар созҳои миллии тоҷикӣ бе истифодаи созҳои барқӣ, аз рӯи интихоби худ бояд иҷро намояд.

53. Асарҳо аз ёд навохта шуда,  ҳамзамон, иҷрои асарҳо бо тарзи якка ё бо ҳамовозии ансамблҳои гуногун ва оркестри созҳои миллӣ метавонанд сурат гиранд. Давомнокии иҷрои 1 асар то 4-5 дақиқа муқаррар карда шуда, истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.

54.  Асарҳои иҷрогардида бояд малакаи навозандагӣ, маҳорати техникии навозандагӣ ва саҳнавӣ, бадеияти оҳанг, диапазон, сифат ва ҷӯри  сози мусиқӣ, меъёр ва сифати садобарории созҳои миллии ба раванди мусиқии касбӣ мутобиқ кардашударо нишон дода тавонад.

55. Дар жанрҳои эстрадӣ ҳаваскорон ва шахсони бе маълумоти мусиқии касбӣ низ ширкат менамоянд.

56. Давомнокии иҷрои 1 асар аз 5 то 7 дақиқа муқаррар карда шудааст.

57. Дар номинатсияи навозандаи эстрадӣ иштирокчӣ 2 асари эстрадиро аз эҷодиёти композиторони тоҷик, дигар жанрҳои эстрадӣ ё   аз эҷодиёти худ ба Комиссияи озмун пешниҳод менамояд.

58. Иштирокчӣ дар номинатсияи жанри эстрадӣ асарҳоро бо истифодаи созҳои аврупоиасос (флейта, труба, тромбон, саксофон, кларнет, фагот, фортепиано, гитара, аккордеон, баян, скрипка, виолончел, созҳои зарбӣ, синтезатор ва ғ.) ва созҳои миллӣ (най, ғижжак, рубоб, дутор, чанг ва ғ. ) иҷро менамояд.

59. Давомнокии иҷрои асарҳо то 4-5 дақиқа (барои 1 асар) буда, 1 асар бе истифодаи фонограмма бо ҳамовозии гурӯҳҳои эстрадӣ ё  сози барқӣ ва асари дигар бо мусиқии сабтшуда  (-1) дар формати CD  ё мини- диск иҷро карда мешавад.

7.  Ҳайати ҳакамон

60. Ҳайати ҳакамони даври якум аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҳайати ҳакамони даври дуюм ва сеюм бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи  композиторон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи санъату  фарҳанг интихоб шуда, аз тарафи Комиссияи озмун тасдиқ мегарданд.

61. Ҳайати ҳакамон ғолибонро аз рӯи меъёри аз 5 то 10 хол ба тариқи овоздиҳии кушода муаяйн мекунанд.

62. Иштирокчиёне, ки ба даври сеюми озмун роҳ меёбанд, новобаста аз ғолибият бо  диплом сарфароз гардонида мешаванд.

63. Хулосаи ҳайати ҳакамон дар Комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ мешавад.

64. Комиссияи озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳакамон ба талаботи Низомнома ҳуқуқи бекор кардани онро дорад.

8. Тартиби иштирок

65. Барои иштирок дар даври сеюми озмун маводи зерин ба Комиссияи озмун пешниҳод мешавад:

— маълумот дар бораи довталаб;

— асарҳо дар шакли СD;

— сабти нотавӣ дар  3 нусха;

— матни шеърҳо дар 3 нусхаи чопӣ;

— нусхаи диплом оид ба хатми муассисаи таълимии соҳаи фарҳангу санъат ё маълумотномаи муассисаи таълимӣ дар бораи таҳсил  (барои номинтасияҳои композиторӣ, сарояндагии академӣ ва навозандагии академӣ).

Замимаи 2
ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз  5 феврали соли  2020,  № АП — 1335

Ҳайати
Комиссияи озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа — раиси Комиссияи озмун

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини раиси Комиссияи озмун

Сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –котиби Комиссияи озмун

Аъзо

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода

Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

Замимаи 3
ба  амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 феврали  соли 2020,  № АП-1335

Ҷоизаҳои  озмуни  «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»

I. Номинатсияи композиторӣ  (оҳангсоз)



Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум    
50 000

1

50 000

2

Ҷойи дуюм    
30 000

2

60 000

3

Ҷойи сеюм    
25 000

2

50 000

4

Ҷойи чорум    
20 000

2

40 000

5

Ҷойи панҷум    
15 000

2

30 000

ҳамагӣ

9

230 000

Жанри анъанавӣ

1

Ҷойи якум    
50 000

1

50 000

2

Ҷойи дуюм    
30 000

2

60 000

3

Ҷойи сеюм    
25 000

2

50 000

4

Ҷойи чорум    
20 000

2

40 000

5

Ҷойи панҷум    
15 000

2

30 000

ҳамагӣ

9

230 000

Жанри эстрадӣ

1

Ҷойи якум    
50 000

1

50 000

2

Ҷойи дуюм    
30 000

2

60 000

3

Ҷойи сеюм    
25 000

2

50 000

4

Ҷойи чорум    
20 000

2

40 000

5

Ҷойи панҷум    
15 000

2

30 000

ҳамагӣ

9

230 000

II. Номинатсияи сарояндагӣ



Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум    
50 000

1

50 000

2

Ҷойи дуюм    
30 000

2

60 000

3

Ҷойи сеюм    
25 000

2

50 000

4

Ҷойи чорум    
20 000

2

40 000

5

Ҷойи панҷум    
15 000

2

30 000

ҳамагӣ

9

230 000

Жанри анъанавӣ

1

Ҷойи якум    
50 000

1

50 000

2

Ҷойи дуюм    
30 000

2

60 000

3

Ҷойи сеюм    
25 000

2

50 000

4

Ҷойи чорум    
20 000

2

40 000

5

Ҷойи панҷум    
15 000

2

30 000

ҳамагӣ

9

230 000

Жанри эстрадӣ

1

Ҷойи якум    
50 000

1

50 000

2

Ҷойи дуюм    
30 000

2

60 000

3

Ҷойи сеюм    
25 000

2

50 000

4

Ҷойи чорум    
20 000

2

40 000

5

Ҷойи панҷум    
15 000

2

30 000

ҳамагӣ

9

230 000

III. Номинатсияи навозандагӣ



Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

Жанри академӣ

1

Ҷойи якум    
50 000

1

50 000

2

Ҷойи дуюм    
30 000

2

60 000

3

Ҷойи сеюм    
25 000

2

50 000

4

Ҷойи чорум    
20 000

2

40 000

5

Ҷойи панҷум    
15 000

2

30 000

ҳамагӣ

9

230 000

Жанри анъанавӣ

1

Ҷойи якум    
50 000

1

50 000

2

Ҷойи дуюм    
30 000

2

60 000

3

Ҷойи сеюм    
25 000

2

50 000

4

Ҷойи чорум    
20 000

2

40 000

5

Ҷойи панҷум    
15 000

2

30 000

ҳамагӣ

9

230 000

Жанри эстрадӣ

1

Ҷойи якум    
50 000

1

50 000

2

Ҷойи дуюм    
30 000

2

60 000

3

Ҷойи сеюм    
25 000

2

50 000

4

Ҷойи чорум    
20 000

2

40 000

5

Ҷойи панҷум    
15 000

2

30 000

ҳамагӣ

9

230 000

ҷамъ

2 070 000

IV. ШОҲҶОИЗА



Маблағ барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

Маблағи умумӣ

1    Шоҳҷоизаи озмун    
70 000

1

70 000

Эзоҳ: Маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳои озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»  2 140 000   (ду миллиону яксаду чил ҳазор)  сомониро ташкил медиҳад.

Мукофотҳо бо пули миллии сомонӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани пардохти андозҳо пешбинӣ шудаанд.

Иштирокчиёни даври сеюм бо дипломи озмун сарфароз гардонида мешаванд.