Суханронӣ дар маросими гузоштани санги асоси бунёди боғи фарҳангӣ ва варзишгоҳ дар шаҳри Ваҳдат
Ҳамватанони азиз!
Дар кишвари маҳбуби мо падидаи неке ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола бо дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат, инчунин бо ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорони эҳсонкору ободгар ва дигар фарзандони ватанпарасту бонангу номуси диёрамон ба хотири истиқболи сазовори ҷашнҳои милливу давлатӣ ва санаҳои муҳимми таърихӣ дар баробари амалҳои хайр, инчунин даҳҳо иншооти хурду бузург бунёду навсозӣ гардида, ҳамчун туҳфаи идона ба истифодаи сокинони кишвар гузошта мешаванд ё сохтмони иншооти нав бо нияти нек оғоз мегардад.
Имрӯз низ, ки мардуми шарифи кишварамон барои истиқболи сазовори бистусеюмин солгарди истиқлолияти давлатӣ, бистсолагии қабули Конститутсия ва Суруди миллиамон омодагӣ мегиранд, дар шаҳри Ваҳдат барои бунёди як қатор иншооти замонавӣ, аз ҷумла боғи муосири фарҳангу фароғат, мактаб барои 1240 нафар хонанда ва варзишгоҳи замонавӣ бо 25 ҳазор ҷойи нишаст санги асос гузоштем ва итминон дорем, ки эъмори онҳо дар самти таъмини шароити арзандаи истироҳату фароғат, тарзи ҳаёти солим дар байни сокинони шаҳр, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон ва азхуд кардани илму донишҳои муосир мусоидат менамояд ва албатта, боиси боз ҳам ободу зебо шудани ин гӯшаи диёрамон мегардад.
Барои бунёди варзишгоҳ масоҳати сеюним гектар замин ва қариб 50 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати оғози корҳои омодагӣ рӯзҳои наздик аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 5 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Дар назар аст, ки дар бунёди он соҳибкорони шаҳр низ саҳми ҷавонмардонаи худро мегузоранд.
Бо истифода аз фурсат, ҳамаи сокинони заҳматкашу баландҳиммати шаҳри Ваҳдатро ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахш табрик гуфта, барои ҳар як сокини ин шаҳри зебо хонаи ободу тансиҳатӣ, сулҳу оромӣ орзу менамоям ва ба масъулону сохтмончиёни иншооти имрӯза барори кор мехоҳам.
Солҳои охир тавассути афзоиш додани ҳаҷми маблағгузории давлатӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ раванди муҳайё сохтани шароити мусоид барои рушди варзиш, ҳарчи бештар фаро гирифтани ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии сокинон вусъати тоза пайдо кардааст.
Бунёди боғи фарҳангу фароғат дар ин мавзеи воқеан зебои шаҳр аз фарҳанги ободгаронаи аҷдоди мо сарчашма гирифта, таърихи бисёр куҳан дорад, зеро гузаштагони шарафмандамон аз қадимулайём барои ободонии шаҳру деҳот ва хонаву дари худ аҳаммияти махсус медоданд.
Хушбахтии мардуми сарзамини куҳанбунёди мо дар он аст, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мо боғу хиёбонҳои сарсабзу зебо ва мавзеъҳои хушбоду ҳавои фароғату истироҳат мавҷуданд ва табиати нотакрори Ватани биҳиштосоямонро дар ақсои олам машҳур гардонидаанд.
Ҳамаи мо барои дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода додани иншооти имрӯза ва дигар корҳои созандаву ободгарона масъул ҳастем ва бо ин иқдоми ватандӯстонаамон ҳам як гӯшаи диёрамонро обод карда, барои сайқал ёфтани маҳорату малакаи варзишгарон ва густариш пайдо кардани тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунем ва ҳам бо ин амали хайрамон рисолати ватандӯстиву ватандориамонро сарбаландона иҷро мекунем.
Ғайр аз ин, мо барои рушди варзиш ва иштироки фаъолонаи варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ, ки Тоҷикистони азизамонро ба оламиён муаррифӣ мекунанд, саҳми худро мегузорем.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи шароити то имрӯз фароҳамовардаамон варзишгарони тоҷик аз ибтидои соли ҷорӣ то ҳол дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат карда, сазовори садҳо медал ва мақоми сазовор гардидаанд.
Дар ин дастовардҳо саҳми варзишгарони шаҳри Ваҳдат низ назаррас буда, соли ҷорӣ онҳо дар 20 мусобиқаи дохиливу байналмилалӣ иштирок намуда, беш аз сад медал ба даст овардаанд.
Дар ин росто, варзишгоҳи бунёдшавандаи имрӯза, пеш аз ҳама, барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва бо ҳамин роҳ пешгирӣ кардани ҳар гуна рафтору амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон нигаронида шуда, бояд ҳамчун мавзеи баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатии мардуми фарҳангпарвари шаҳри Ваҳдат хизмат намояд.
Варзишро беҳуда қосиди сулҳ нагуфтаанд. Бинобар ин, итминон дорам, ки варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат дар ояндаи наздик ба макони қувваозмоиҳои дӯстона, чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат мубаддал мегардад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вазифадоранд, ки барои таҳияи лоиҳаи ҷавобгӯ ба тамоми меъёрҳои муосир ва хушсифату сари вақт ба анҷом расонидани сохтмони варзишгоҳ ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Варзиш воситаи асосии беҳдошти саломатӣ ва василаи беҳтарини муаррифисозии Ватану миллат ба ҷаҳониён мебошад.
Бинобар ин, ҷавонони далеру боғайрат, бонангу номус ва содиқу ватанпарвари мо бояд ба хотири камолоти маънавию ҷисмонӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботу оромӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим ҳамеша саъю кӯшиш намоянд.
Соли гузашта дар мулоқот бо ҷавонони кишвар зикр карда будам, ки Ватанро дӯст доштан, барои ҳимояи он ҳамеша омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.
Бо дарназардошти ин, ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бунёду азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани муассисаҳои варзишӣ торафт вусъат гирифта истодааст.
Танҳо дар чанд соли охир аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон садҳо иншооти варзишии замонавӣ сохта, ба истифода дода шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки иншооти варзишии солҳои охир сохташуда бояд аз ҷониби наврасону ҷавонон ва сокинони кишвар пурра ва самаранок истифода бурда шаванд.
Илова бар ин, ба чунин иншоот бояд мураббиёни баландихтисос ба кор ҷалб карда шуда, онҳо бо лавозимоти муосир пурра таъмин шаванд ва истифодаи иншооти варзишӣ барои ҳамаи сокинони кишвар дастрас бошад.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки таблиғи мунтазами варзиш барои ҳифзи саломатии одамон, мубориза бар зидди нашъамандӣ, тамокукашӣ ва дигар одатҳои номатлуб, инчунин коҳиш ёфтани ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон хеле зарур мебошад.
Хотирнишон месозам, ки дар кишвари мо соҳаи туризм дурнамои хуб дошта, тавассути самаранок истифода бурдани ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, чашмаҳои шифобахши обҳои маъданӣ, мавзеъҳои кӯҳнавардӣ ва хизматрасонии муосир даромади зиёд гирифта, ҳазорҳо ҷойҳои иловагии корӣ муҳайё кардан мумкин аст.
Соли ҷорӣ Тоҷикистон тибқи арзёбии ширкатҳои байналмилалии сайёҳӣ ба даҳгонаи кишварҳои барои саёҳат ҷолиб дохил гардид.
Ин далел ҳамаи сохторҳои дахлдори давлатӣ ва соҳибкорони ватаниро водор месозад, ки дар бобати рушди инфрасохтори сайёҳӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, барои боз ҳам ҷолибу мустаҳкам гардонидани мақому мавқеи Ватанамон аз ҳамаи имкониятҳо истифода намоянд.
Аз ҷумла зарур аст, ки бо мақсади дар минтақаи зебову нотакрори Ромит фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, дигар сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҳамаи чораҳои дахлдор андешида шаванд.
Дӯстони азиз!
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат дар доираи иҷрои чорабиниҳо оид ба рушди соҳибкории хурду миёна шаш корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, ба ин васила зиёда аз 700 нафар шаҳрвандон, ки аксарияти онҳо ҷавонон мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки то охири сол иловатан 6 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад.
Бар замми ин, бо ташаббуси давлату Ҳукумати кишвар ва соҳибкорони маҳаллӣ аз ибтидои соли равон дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат зиёда аз се ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки ба 60 фоизи иҷрои нақшаи солона баробар аст.
Бо дарназардошти ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакатро зарур аст, ки ҳамкориро бо соҳибкорон дар самти бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, фароҳам овардани ҷойҳои иловагии корӣ ва ободонии шаҳру ноҳияҳо боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.
Чор моҳ қабл ҳангоми сафар ба шаҳри Ваҳдат дар маросими ифтитоҳи як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ ва гузоштани санги асос барои бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ширкат намуда, иброз дошта будам, ки ман ба нерӯи созанда ва иродаи бунёдкоронаи мардуми шарифи шаҳри Ваҳдат бовар дорам.
Ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки маҳз бо саъю кӯшиш ва заҳмати хастагинопазири сокинони шарафманди шаҳри Ваҳдат дар давоми як-ду соли оянда ҷиҳати ободу сарсабз гардонидани ин гӯшаи зебои диёрамон иқдомҳои зиёди созанда ба сомон расонида мешаванд.
Дар ин кори хайр ва иқдоми ватандӯстона ман, пеш аз ҳама, ба нерӯи созанда, нангу номус ва ғайрати ватандӯстонаи ҷавонони шаҳри Ваҳдат, инчунин ба муҳаббату садоқати онҳо нисбат ба Ватани соҳибистиқлоламон итминони комил дорам.
Дар шароити торафт афзун гардидани талабот ба сармояи инсонӣ сиёсати давлатии ҷавонон бояд василаи асосии рушди ҳамаҷонибаи ин табақаи бонуфузи ҷомеа ва суръат бахшидани дигаргунсозиҳо дар кишвар бошад.
Мо аз баъзе мушкилоте, ки садди роҳи инкишофу ба камол расидани ҷавонон, бахусус онҳое, ки дар деҳоти кишвар зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, хуб огоҳ ҳастем ва дар ҳар як мулоқоту чорабиниҳо доир ба беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, таҳсил ва ташаккули касбии ҷавонон дастуру супоришҳо медиҳем.
Дар марҳалаи имрӯзаи рушди мамлакат ва тақвияти амалҳои созандагиву ободкорӣ, ки дар ҷараёни он даҳҳо иншооту инфрасохтори муосир бо майлу дархост ва завқи ҷавонони кишвар сохта шуда истодааст, ҷавонону наврасони мо дар навбати худ вазифадоранд, ки аз чунин имкониятҳо самаранок истифода карда, барои ҳамчун мутахассисони дорои донишҳои муосир ва соҳибҳунару соҳибкасб ба камол расидан саъю талош намоянд.
Шумо ҷавонони азиз, фаромӯш насозед, ки танҳо дониши пухта, ҷаҳонбинии солим ва тафаккури созанда шахсро аз ҷаҳолат ва фирефта шудан ба доми ҳар гуна ҳаракату ҷараёнҳои диниву мазҳабии барои мардуми мо бегона ва хусусан аз шомил шудан ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ нигоҳ медорад.
Баръакс шахсе, ки ақидаи шахсии солиму мустақил надорад, дар раванди зиндагӣ ва фаъолият мутеъ ва дастнигари хоҷагони хориҷӣ гардида, зиндагии худ ва наздиконашро ба хатар меандозад.
Шумо, фарзандони азиз, насли хушбахте ҳастед, ки соҳиби давлати соҳибистиқлол ва Ватани ободу зебо буда, дар он имконияти мустақилона кору зиндагӣ кардан доред.
Зиндагӣ кардан дар чунин Ватани зебову муқаддасро аҷдоди накӯноми мо садсолаҳо орзу мекарданд.
Бинобар ин, ҳар яки шумо бояд аз ҷунин бахти таърихӣ шукрона кунед, ки чунин давру замон ва зиндагии орому осуда насиби шумо, ҷавонон, гардидааст.
Ҷавонони мо идомабахши кору пайкори ҳазорон нафар олимону шахсиятҳои фарзонаи миллати худ мебошанд, ки таҳқиқоту осори онҳо ҳамчун намунаи андешаи созандаву пешбаранда эътироф шудааст.
Итминони комил дорам, ки аз байни ҷавонону наврасони имрӯза низ ҳазорон нафар олимону донишмандон ва шахсиятҳои номдор ба воя расида, бо заковатмандиву навовариҳояшон нуфузи Ватани азизамонро дар миқёси олам мустаҳкам менамоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо барои кор дар корхонаҳои навбунёди шаҳри Ваҳдат шумораи зиёди занону духтарон ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шудаанд, ки далели равшани татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат дар самти омодасозии мутахассисони соҳибтаҷриба аз байни занону духтарони маҳаллӣ ва барои онҳо муҳайё сохтани ҷойи кор мебошад.
Чанде пеш ҳамчунин маркази омӯзиши ҳунари қолинбофии дастӣ таъсис дода шуд, ки ба он дар як давра беш аз 100 нафар занону духтарон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Шогирдони он дар муддати кӯтоҳ имконият доранд, ки нозукиҳои ин ҳунари аҷдодиро азхуд намуда, ба ин васила дар маҳалли зисти худ корхонаҳои хурди қолинбофӣ таъсис диҳанд.
Тадбирҳои зикршуда агар аз як тараф барои ғанӣ гардидани буҷети шаҳр мусоидат намоянд, аз ҷониби дигар барои бо шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон шароит фароҳам меоранд.
Тавре ки маълум аст, беш аз 70 фоизи аҳолии кишвари моро ҷавонон ташкил дода, саҳми фарзандони бонангу номуси миллат дар пешрафти мамлакат, таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ хеле бузург аст.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷавонони мо барои таҳкими аркони давлати озоду соҳибистиқлоли худ, ҳифзи муқаддасоти он ва мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстиву рафоқати сокинони он бояд ҳамеша омода бошанд.
Муҳимтар аз ҳама, ба зиммаи ҷавонони мо сарнавишти ояндаи давлати Тоҷикистони азиз вогузор карда мешавад. Аз ин рӯ, онҳоро мебояд, ки аз пешрафту таҳаввулоти ҷаҳони муосир қафо намонанд, вақтро ғанимат дониста, илму дониш омӯзанд, касбу ҳунарҳои муосир ва технологияҳои замонавиро азхуд намоянд.
Зеро танҳо шахси бофазилату донишманд ва соҳиби касбу ҳунар дар байни ҷомеа нуфузу эътибори шоистаро сазовор мегардад.
Дар фарҷом ба ҳамаи шумо, сокинони сарбаланду заҳматқарини шаҳри Ваҳдат барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, бори дигар хурду бузурги ин диёри бостониро ба ифтихори рӯйдоди муҳимми имрӯза, яъне оғози бунёди варзишгоҳ ва боғи фарҳангу фароғат, инчунин 23 – солагии истиқлолияти Ватани маҳбубамон, ки чанд рӯз баъд фаро мерасад ва санаҳои таърихии бистсолагии қабули Конститутсияву Суруди миллӣ ва 600 - солагии орифу шоири тавонои миллатамон - Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ табрик мегӯям ва дар зиндагиву фаъолияти шумо ба хотири созандагиву ободии Ватани муқаддасамон барору комёбӣ орзу менамоям.
Доимо саломату хушбахт бошед, ҳамватанони азиз!