Озмуни “Эъҷози сухан”
НИЗОМНОМАИ
озмуни “Эъҷози сухан”
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Озмуни “Эъҷози сухан” (минбаъд озмун) бо мақсади иҷрои банди 21-и нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020, №14, ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, тақвияти неруи зеҳнию маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва равнақ додани ҷаҳони маънавии кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
II. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН
1. Сарпарасти озмун Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Озмун аз рӯйи ду номинатсия баргузор мешавад:
- китобхонӣ (ҳама навъи осори бадеӣ, илмӣ ва ғ.);
- шеърдонӣ (ҳама навъи асарҳои назмӣ).
3. Роҳбарони воҳидҳои сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани озмун масъул буда, ғолибони онро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.
III. ҲАКАМОНИ ОЗМУН
1. Барои гузаронидани озмун ҳайати ҳакамон таъсис дода шуда, он бо фармоиши раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Ҳайати ҳакамони озмун:
- ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиёни озмунро меомӯзанд ва тавсия медиҳанд;
- маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунанд;
- натиҷаи озмунро тасдиқ ва эълон менамоянд;
- арзу шикояти иштирокчиёни озмунро тибқи тартиб баррасӣ мекунанд;
- протоколи натиҷаи озмунро тасдиқ мекунанд.
3. Ҳайати ҳакамони озмун натиҷаи ниҳоиро ҷамъбаст карда, онро барои маълумот ва шиносоӣ ба раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
IV. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
1. Озмун аз як давр иборат буда, моҳи май ташкил ва гузаронида мешавад.
2. Ҷойи баргузории озмун аз ҷониби роҳбарияти Кумита муайян карда мешавад.
3. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмун то 10 майи соли 2021 муқаррар мегардад.
4. Муовини якум ва муовинони раис, инчунин, роҳбарони воҳидҳои сохтори Кумита масъули баргузор намудани маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун мебошанд.
V. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
1. Дар озмун ҳар як корманди Кумита ва воҳидҳои сохтори он иштирок карда метавонад.
2. Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби ҳакамони озмун назорат карда мешавад.
3. Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорати хондан ва ҳофизаи қавӣ бартарӣ дода мешавад. Иштирокчии озмун ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод менамояд.
4. Аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун ба иштирокчӣ барои аъзои фаъоли китобхона будан ва ба ҳунари нақлу оҳанги ӯ низ хол дода мешавад.
5. Ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлол, тараннуми дўстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, мавзӯи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои Ватан бартарӣ дода мешавад.
6. Иштирокчии озмун дар интихоби забон зимни хондан ва аз худ кардани осори адабиёти тоҷикӣ ва хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст.
7. Барои иштирок дар озмун довталаб шарҳи мухтасари ҳоли худ, рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркардаашро (нусхаи чопӣ ё дастнависи ашъори азёдкардашуда ва мазмуни мухтасари асарҳои мутолиакардаашро бо зикри муаллиф ва номи асар) бо гузоштани имзо ба ҳакамони озмун пешниҳод менамояд.
VI. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН
1. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи хондани назм ва наср муайян карда мешавад:
- барои иштирокчиёни озмун хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ, инчунин, асарҳои илмӣ ва дигар осори насрӣ иҷозат дода мешавад;
- иштирокчӣ дар хондани шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) озод аст;
- ба иштирокчӣ барои нақли афсона, латифа, қиссаю ривоят ва дигар навъҳои осори шифоҳии халқ иҷозат дода мешавад;
- довталаб, ҳамчунин, метавонад асарҳои худро аз рўйи навъҳои адабӣ, жанру навъҳои анъанавӣ ва нав, адабиёти кӯдак (бачагона), насру драма пешниҳод намояд.
VII. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
1. Ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳад:
- барои таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлолу озодӣ, мавзӯи об – сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот, бунёди роҳу нақбҳо ва иншооти бузурги аср, корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар бунёдкорию ободонӣ;
- барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва шарҳи маънои луғавии вожаҳо, дарки дурусти мазмуну муҳтавои асар ва таассурот аз хондани асар.
2. Ба ҳар як довталаб барои муаррифии китобҳои хондааш ва қироати шеърҳо вақти озод дода мешавад.
3. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад. Барои азёд хондани осори манзум бо шарҳу эзоҳи калимаҳо 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад.
Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди ровигӣ, инчунин, тавзеҳи калимаҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад.
4. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми номинатсияҳои озмун аз рўйи шумораи холҳои гирифтаи онҳо муайян карда мешавад.
VIII. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН
Хароҷоти озмун ва дигар хароҷоти вобаста ба он аз ҳисоби даромадҳои иловагии Кумита, воҳидҳои сохтори он ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.
IX. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
1. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин низомнома бо фармоиши раиси Кумита тасдиқ карда мешавад.
2. Иҷрои талаботи ин низомнома аз ҷониби ҳайати ҳакамон ҳатмӣ мебошад.