Душанбе - маркази бузурги ҷуғрофиёи сиёсӣ
Ду рӯзи оянда шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази бузурги ҷуғрофиёи сиёсии ҷаҳонӣ мубаддал мегардад. Дар ин ҷо рӯзҳои 11 ва 12 сентябри соли 2014 ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуда, Душанбе мизбони сарони даҳ кишвари ҷаҳон, вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарону намояндагони созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ мегардад.
Назар ба иттилои Абдулфайз Атоев -сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби сарони кишварҳои ин созмони муътабар маҷмӯи санадҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо хоҳанд расид.
Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Саммити сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон тадбирҳои амниятӣ пурзӯр гардонида шуда, тамоми сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар дар ҳолати омадабош қарор доранд. Инчунин дар ин рӯзҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар бархе аз ҷодаю хиёбонҳои асосии Душанбе маҳдуд ва дар соатҳои зарурӣ пурра қатъ гардонида мешавад.
АМИТ «Ховар»