Мулоқот бо Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, ки ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи олии ин созмон ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд.
Ҳарду аз ҷониб аз ҳамгироии сиёсии ду кишвар дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, изҳори қаноат карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии онҳо ба имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҷавоб гуфта наметавонад.
Аз ин хотир, ба ташкил ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, ба хусус чорводорӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти он ба мисли гӯшту шир ва пӯсту пашм, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Ҷониби Муғулистон ҳамчунин ба меваю сабзавоти Тоҷикистон мароқи зиёд зоҳир намуд.
Дар робита ба ҳамкории илмию фарҳангӣ таъкид гардид, ки олимону таърихнигорони ду кишвар бояд имкони дастрасӣ ва кор дар бойгониҳои ҳамдигарро дошта бошанд, зеро дар онҳо маъхазҳои ҳанӯз наомӯхташудаи таърихи асрҳои миёна хеле зиёданд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.