Владимир Путин ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 11 ва 12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, пас аз зуҳри имрӯз вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Меҳмони олиқадр-Владимир Путинро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, соли равон раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти шиори «Ҳамкорӣ, рушд ва рифоҳи муштарак» ҷараён дошт, бо баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе (11-12 сентябри соли 2014) ба поён расида ва раёсат дар ин созмони бонуфузи рушдёбанда ба Русия таҳвил мешавад.