Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 сентябри соли 2021 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла оид ба натиҷагирӣ аз ҷараёни инъикоси тантанаҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши «Телевизиони Тоҷикистон» ва Радиоии Тоҷикистон дар инъикоси ин санаи таърихӣ, натиҷаи фаъолияти Комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи ғоявӣ-бадеии барномаҳо, беҳтар намудани ҷараёни эҷодӣ дар барномаҳои телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ, ҷустуҷўи усулҳои самарабахши барномаҳои телевизионӣ ҳамчун воситаи ташаккули шахсияти кўдак, ҳифзи он аз таъсири маълумоти номатлуб ва робитаи бевоситаи хурдсолон бо телевизион мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни баррасии нақши филмҳои аниматсионӣ, бахусус маводи истеҳсоли ватанӣ муҳим дониста шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар ин самт ба сохторҳои дахлдор дастурҳои лозима дода шуд.
Иштирокдорони ҷаласа инчунин ба ҷараёни инъикоси мавўъҳои рўзмарра, таҳияи барномаҳои таҳлилӣ - танқидӣ дар радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он, фаъолияти сомонаҳои телевизионию радиоӣ, таъмини фаврият, сареҳият ва татбиқи навгониву навовариҳо, ҷалби аудитория дахл карданд.
Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби муовини якуми раиси Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода ҷиҳати таъмини муназзамии фаъолияти сохторҳо, беҳтар гардондани шароит ва имконоти эҷодию техникӣ, тарғибу ташвиқи пайвастаи сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳияи барномаву гуфторҳои ҷолибу муосир бо истифода аз иқтидори эҷодию техникӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастии насли наврас роҳбарони шабакаҳои телевизион ва радио ва дигар сохторҳои Кумита вазифадор карда шуданд.