Мулоқот бо Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

Зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Мо бовар дорем, ки муносиботи бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ чун намунаи ибратбахши таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ боқӣ монда, ба манфиатҳои аслии кишварҳои мо ва мардумони онҳо хизмат хоҳанд кард”.
Нурсултон Назарбоев Қазоқистонро “шарики дуюми тиҷоратии Тоҷикистон” дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз Федератсияи Русия номида, зикр намуд, ки кишвараш “ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон қарор дошт ва минбаъд низ чунин муносибат идома хоҳад дошт”.
Дар идомаи суҳбат фаъолияти бештару назарраси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкорӣ ва беҳсозии шароити кории Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон зарур шумурда шуд. Тавре зикр гардид, Хазинаи сармоягузории мустақими ду кишвар ҳанӯз соли 2008 таъсис ёфта буд, вале то ҳол фаъолияти назаррас надорад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимни таҳия ва пешниҳоди санадҳои нави ҳамкории миёни Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла шароити баҳрабардорӣ аз захираҳои молиявии хазинаи мазкур барои соҳибкорон ҷолибтар хоҳанд шуд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии судбахши Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳам атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj