Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 феврал ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи ҳайати мушовара тибқи рӯзнома масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои аттестатсия ва аз нав барасмиятдарории як қатор ҷамъиятҳо ва ширкатҳои истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалӣ ва пахшу интиқолдиҳандаи мавҷҳои радиотелевизионӣ, расонидани ёрии амалию методӣ ба шабакаҳои телевизионӣ, вазъи фаъолияти радиоҳо дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳо ва беҳтар намудани ҳолати эҷодию техникии онҳо ва натиҷагирӣ аз рафти инъикоси ҷашнҳои миллию давлатӣ дар шабакаҳои радиоӣ баррасӣ шуд.
Иштирокдорони ҷаласа инчунин ба ҷараёни инъикоси мавзўъҳои рўзмарра, таҳияи барномаҳои таҳлилӣ - танқидӣ дар радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он, таъмини фаврият, сареҳият ва татбиқи навгониву навовариҳо, аз ҷумла татбиқи усулҳои мултимедӣ ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештарӣ аудитория дахл карданд.
Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби муовини якуми раиси Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода ҷиҳати таъмини муназзамии фаъолияти сохторҳо, беҳтар гардондани шароит ва имконоти эҷодию техникӣ, тарғибу ташвиқи пайвастаи сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, таҳияи барномаву гуфторҳои ҷолибу муосир бо истифода аз иқтидори эҷодию техникӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастии насли наврас роҳбарони шабакаҳои телевизион ва радио ва дигар сохторҳои Кумита вазифадор карда шуданд.