Ҳаракати қатораҳо миёни Душанбе ва Тошканд барқарор мегардад
Нашр шуд. Шан, 04/06/2022 - 16:28
Дар асоси мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон ба даст омаданд, ҳаракати қатораҳои мусофиркашонӣ дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз 20-уми июни соли 2022 оғоз мегардад.
Мусофирон метавонанд барои сафар таввасути қатора дар масири Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз хазинаҳои фуруши чиптаҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон чиптаҳоро харидорӣ намоянд.