Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
ТВТ. 27.06.2022.
Ҳамватанони азиз!
Дар таърихи ҳар як халқу миллат воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки ҳамчун маҳсули ақлу хиради ҳамон миллат барои пойдории давлат аҳаммияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.
Барқарор гардидани сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки имрӯзҳо 25-солагии он дар кишвари маҳбубамон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – мардуми азизи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро самимона табрик мегӯям.
Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бар асари фитнаву дасисаи хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардиданд, ки дар натиҷаи он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба буҳрони фоҷиабор рӯ ба рӯ шуданд.
Хатари бузургтарине, ки дар он айёми вазнин ба миён омада буд, эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон буд.
Чунин шароити бисёр душвор ва вазъи хатарбор фарзандони содиқу ватандӯст ва огоҳу бедордили миллатро водор намуд, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва дар навбати аввал, даъват кардани иҷлосияи Шӯрои Олӣ – ягона мақоми босалоҳияти он рӯзҳо иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.
Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ, ки соли ҷорӣ аз санаи баргузории он сӣ сол сипарӣ мегардад, аввалин санадҳои сарнавиштсоз – қатъи ҳарчи зудтари ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва дигар қарорҳои барои он рӯзҳо муҳимтарин ва таъҷиливу тақдирсозро қабул кард.
Бо ҳамин роҳ мо аввалин қадамҳоро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ гузошта, барои таъмин намудани ваҳдати миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардем.
Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки маҳз ба шарофати қабул ва амалӣ гардидани қарорҳои Иҷлосияи шонздаҳум барои барқарорсозии сулҳу субот, ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, гузоштани заминаҳои ташаккули ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғоз намудани барномаҳои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шуд.
Баъдан раванди музокироти байни тоҷикон оғоз гардид, ки дар кишварҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон беш аз чор сол идома пайдо кард.
Гуфтушунидҳои тӯлонӣ барои сулҳ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо имзои санади тақдирсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом ёфтанд.
Вобаста ба ин, мехоҳам як воқеияти таърихиро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар таъкид намоям.
Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Ман ин суханонро ҳамеша бо ифтихор аз мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоварам.
Вале дар айни замон мо бояд як нуктаи муҳимро ҳаргиз фаромӯш накунем, ки сулҳу оромӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти мост ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Зеро сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.
Имрӯз мардуми мо хуб дарк мекунанд, ки зиндагии осудаву ороми ҳар як оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар як шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад.
Ҳамчунин, ба ҷо овардани фаризаҳои динӣ низ, ки ҷузъи муҳимми зиндагии мардуми мусулмони мо ба шумор мераванд, фақат дар шароити таъмин будани амният, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ муяссар шуда метавонад.
Дар ин раванд, дар хотир бояд дошт, ки хоинону бадхоҳони давлату миллати мо – онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафс кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд, ҳанӯз ҳам аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд.
Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.
Қобили зикр аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва таъмин намудани ваҳдати миллӣ на танҳо омили наҷоти миллати тоҷик гардид, балки ҳамчун як сабақи омӯзандаи таърихӣ ва таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф карда шуд.
Аҳаммияти сулҳу оромӣ дар замони муосир ва хусусан, солҳои охир, ки инсоният бо мушкилоти ниҳоят сахту сангин рӯ ба рӯ гардидааст, торафт боло меравад.
Илова ба пайомадҳои вазнини тағйирёбии глобалии иқлим, аз ҷумла камобӣ, хушксолӣ, нарасидани маводи ғизоӣ, болоравии нархи маҳсулоти озуқа дар тамоми ҷаҳон ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, мушкилоти амниятӣ, аз қабили вусъати бесобиқаи таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ имрӯз зиндагии аҳли башарро бисёр ноорому нобасомон ва тоқатфарсо гардонидаанд.
Дар чунин шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи башарӣ, яъне торафт мураккаб гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.
Тамоми афроди ҷомеа – аз хурд то бузург бояд ба қадри аҳаммияти ҳаётии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва ин неъмати бебаҳоро баробари дастоварди бузургтарини таърихи навини кишвари азизамон, яъне истиқлолу озодӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
Вазифаи бисёр муҳимми мақомоти давлатӣ, олимону зиёиён, аҳли адаб ва кормандони воситаҳои ахбори умум, падару модарон ва тамоми ҷомеа дар ин самт тарбия кардани насли худогоҳу худшинос, содиқ ба миллату давлати худ ва ватандӯсту ватанпараст мебошад.
Мову шумо бояд сарзамини зебои худро сидқан дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ расем ва шукронаи сулҳу амнияти кишвар ва ваҳдати миллиро ҳамеша ба ҷо оварем.
Вусъат бахшидани заҳмати созандаву бунёдкорона ба хотири ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон вазифаи ҳар яки мо – соҳибони Ватан мебошад.
Бо ибрози нияту орзуҳои нек мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бори дигар ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.
Бигзор, дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон ваҳдати миллӣ, сулҳу амният, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ абадӣ ҳукмрон бошад!
Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
Манбаъ: prezident.tj