Самандар Искандарзода директори телевизиони «Тоҷикистон» таъйин шуд
Имрӯз дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармоиши Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самандар Искандарзода ба вазифаи директори шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» таъйин гардид.
Самандар Искандарзода дар ин вазифа Раҳматулло Хайруллозодаро иваз кард, ки соли 2020 директори шабакаи аввали телевизиони кишвар таъйин шуда буд.
Самандар Искандарзода аз соли 2009 дар шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» кор намудааст. Дар Идораи барномаҳои иттилоотӣ муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон ва муовини сармуҳаррир буд.
Самандар Искандарзода то таъйин шуданаш ба вазифаи директори шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» тайи ду соли охир дар вазифаи мушовири калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
Самандар Искандарзода бо АМИТ «Ховар» ҳамеша дар ҳамкории зич қарор дорад. Ҳайати эҷодии Агентӣ ҳамкасби худро бо таъйиноти нав самимона табрик намуда, ба ӯ дар ин ҷода муваффақият орзу мекунад.