Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 30-солагии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз ба муносибати 30-солагии рўзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Баъд аз садо додани суруди миллӣ дар оғози маҷлис раиси Кумита Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба ифтихори ин санаи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, дар бораи таърихи қабул, моҳият, муқаррароти ин рамзи давлатӣ ва тадбирҳое, ки дар мамлакат ҷиҳати бузургдошти он амалӣ карда мешаванд, сухан кард.
Таъкид шуд, ки Парчами давлатии Тољикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иљлосияи 16-уми Шурои Олии Љумњурии Тољикистон ќабул карда шудааст, ки дар тањия ва ќабули он Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон наќши асосї доранд.
Ёдовар мешавем, ки 11 декабри соли 1999 бо ќарори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст.
Рўзи Парчами давлатии Тољикистон дар Ватани соњибистиќлоли мо аз соли 2009 њамчун љашни умумимиллї бо шукўњу тантана таљлил карда мешавад.
Дар идомаи маҷлис устоди ДМТ Ҷамолиддин Шарифов баромад намуда, доир ба ибтидои парчамдории тоҷикон дар сарчашмаҳои таърихӣ маърӯза карда, таъкид намуд, ки парчамдории миллати тоҷик таърихи басо куҳан дошта, ин падида аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Сипас мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДМТ Муҳаммад Раҳмонзода доир ба мақоми Парчами давлатӣ дар қонунгузорӣ ва тартиби истифодаи ин муқаддасоти миллӣ аз лиҳози қонунгузорӣ маълумот дод.
Бояд гуфт, ки шуруъ аз солњои нахустини таљлили Рўзи Парчами давлатї дар њама шањру ноњияњои мамлакат, њатто дар маркази љамоату дењоти љумњурї парчампояњои баланду бошукўњ бунёд шуданд, ки ифтихори њар яки тољикиу тољикистонї мебошад.
Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар сохторҳои кумита низ гузаронида мешаванд.