Имрӯз бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Покистон кумаки навбатии башардӯстона фиристонида шуд
1 декабр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обҳезиҳои шадид моҳҳои охир ҳисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ҳовар».
Вобаста ба буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, талафоти ҷонӣ, норасоии маводи ғизоӣ, вазъи мураккаби эпидемологӣ ва афзоиши хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар байни зарардидагони офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардида, дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд.
Кумаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ, сузишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушўйӣ дар ҳаҷми наздик ба 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат буда, маблағи 19 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи дастури Пешвои миллат сохторҳои дахлдори мамлакат барои то қаламрави Ҷумҳурии Исломии Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шуданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон сертификати кумаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Исломии Покистон супорида шуд.
Хотиррасон мешавем, ки моҳи сентябри соли равон низ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офатҳои табиӣ зарардидаи Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона иборат аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 дона шифер дар маҷмуъ беш аз 3000 тонна ба маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуда буд.
Таъкид бояд кард, ки ин тадбир идомаи сиёсати башардӯстонаи хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар рӯзҳои душвору вазъи мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дастгиру кумакрасони давлат ва мардуми дӯсту бародари Покистон будани роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро собит менамояд.
АМИТ «Ховар»