Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе иштирок дошт, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои ҳамкорӣ ва тавофуқоти қаблии ду ҷониб, аз ҷумла доир ба тезондани сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, зоҳир карда шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар сурати истифодаи самарабахш аз имкону захираҳои мавҷудаи ҳамкорӣ робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон метавонад ба маротиб афзун гардад.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.