Мусоҳиба бо намояндагони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мардумии Чин
Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ намояндагони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мардумии Чинро барои мусоҳиба ба ҳузур пазируфт.
Дар мусоҳиба, аз ҷумла хабарнигорон аз агентии иттилоотии Синхуа, рӯзномаи Женмин Жибао, телевизиони марказии Чин (CCTV), радиои байналмилалии Чин ва дигар расонаҳои ин давлат, ки аксараш нуфузи ҷаҳонӣ доранд, ширкат доштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори онҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Чин, ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, авзои минтақа ва ҷаҳон посух дод.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши душанбегии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай, сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, ки имрӯз ҷараён дорад ва санадҳои сершуморе, ки ба имзо мерасанд, ба рушду нумуи муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ мебахшанд.