Гурӯҳи давлатҳои аъзои СҲИ аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ ҷонибдорӣ намуд
25 январ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи Гурӯҳи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 ҷонибдорӣ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат зимни муаррифии номзадии давлати мо иброз дошт, ки бо иштироки фаъол дар чорабиниҳо ва равандҳои гуногун дар доираи СММ, инчунин бо назардошти таҷрибаи беназири мамлакат вақти он расидааст, ки Тоҷикистон барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028 — 2029 номзадии худро пешбарӣ намояд.
Дар фарҷоми баррасии мавзӯи мазкур давлатҳои аъзои СҲИ якдилона ҷонибдории худро аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 изҳор намуданд.
Бояд хотиррасон кард, ки тибқи қарори махсуси иҷлосияи 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ таҳти №8/48-LO, (22-23 марти соли 2022, ш. Исломобод, Ҷумҳурии Исломии Покистон) аз кишварҳои узв даъват ба амал оварда шуд, ки номзадии Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.