Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи тақвияти минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ
Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тзинпин 12-14 сентябри соли 2014 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дод.
Сарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ҳолат ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд, оид ба масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ; табодули назар намуда, дар мавриди доираи васеи мавзўъњо ба мувофиқа расиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой (минбаъд “Тарафҳо”) дастовардњои назарраси њамкорињои дуҷонибаро дар соњањои мухталиф баланд арзёбї намуданд, ба хулоса омаданд, ки барқарории муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Хитой ба манфиатҳои аслӣ ва дарозмуддати ду кишвар ва халқ ҷавобгӯ буда, ба рушд ва густариши муштарак мусоидат ва ба таҳкими сулҳи минтақавӣ ва истиқрор хизмат менамояд.
Дар асоси кўшишњои муштарак дар раванди густариши муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва майли воқеии ду кишвар бањри тақвияти ҳамкориҳо, Тарафҳо изҳор менамоянд:
1. Тарафҳо минбаъд низ муносибатҳои ҳамҷаворӣ, эҳтироми муштарак, баробарӣ, манфиат ва бурди муштаракро густариш дода, муқаррароти Созишномаи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 15 январи соли 2007 ва Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба барқарор намудани ҳамкории шарикӣ аз 20 майи 2013-ро риоя хоҳанд кард, барои сулҳи пойдор, идомаи дӯстӣ аз насл ба насл баромад хоҳанд кард, ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитариву амниятӣ устуворона ва қатъӣ тавсеа хоҳанд дод, муносибатҳои дуҷонибаро бо мундариҷаи нав ғанӣ хоҳанд гардонд, асосҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи дарозмуддат ва ҳамаҷонибаро таҳким хоҳанд бахшид.
Тарафҳо муносибатҳои байни Хитой ва Тоҷикистонро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ дониста, роҳи инкишофи ҳамдигарро, ки аз ҷониби мардуми ду кишвар бо иродаи озод интихоб шудааст, дастгирии қатъӣ менамоянд; дастгирии кӯшишҳои тарафи дигарро, ки барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, амният ва манфиатҳои рушд равона шудаанд, таъкид менамоянд.
Тарафҳо бори дигар изҳор медоранд, ки аз иштирок дар иттиҳодияҳо ва ё иттифоқҳои душманонаи зидди истиқлолият, бехатарӣ ва ягонагии арзии яке аз Тарафҳо равонашуда худдорӣ хоҳанд кард, ба амалиётҳои мушобеҳ, аз ҷумла бо тарафи сеюм бастани ин гуна созишномаҳо иқдом нахоҳанд кард; дар қаламрави яке аз Тарафҳо ба таъсиси созмонҳо ва гурӯҳҳое, ки ба истиқлолият, бехатарӣ ва тамомияти арзии Тарафи дигар зарар хоҳад расонд, роҳ ва ба фаъолияти онҳо рухсат нахоҳанд дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдориро ба сиёсати “Хитойи ягона” таъкид намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитойро ба њайси ҳукумати ягонаи қонунӣ, ки тамоми Хитойро намояндагӣ менамояд ва Тайванро чун ҷузъи ҷудонопазири Хитой, эътироф менамояд, муқобили “истиқлолияти Тайван” дар кадом шакле, ки набошад баромад мекунад; таъкид менамояд, ки бо Тайван муносибатҳои расмӣ ва алоқаҳои расмӣ барқарор намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши осоиштаи муносибатҳо байни ду соҳили гулӯгоҳи Тайван ва тамоми тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитойро барои аз нав ба ҳам пайвастани Хитой бо роҳи осоишта дастгирӣ менамояд.
2. Тарафҳо барои таҳкими алоқаҳои мутақобилаи роҳбарони ду кишвар, ҳамчунин табодули байниидоравӣ ва машваратњо дар сатҳҳои мухталиф ва бо мақсади ҳамаҷониба баланд бардоштани боварии мутақобилаи сиёсї қарор қабул карданд.
Тарафҳо муттафиқ бар онанд, ки алоқаҳои байнипарлумониро ҷузъи муҳимми муносибатҳо байни Хитой ва Тоҷикистон медонанд. Тарафҳо таҳкими ҳамкориро байни Маҷлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Маҷлиси умумихитоии намояндагони халқии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва алоқаҳои наздики миёни комиссия ва гурӯҳҳои дӯстӣ дастгирӣ менамоянд.
Тарафҳо барои тавсеаи минбаъдаи табодул ва ҳамкорӣ байни ҳизбҳо ва иттињодияњои ҷамъиятии ду кишвар, омӯзишӣ таҷрибаи идоракунии давлат, таҳкими асосҳои иҷтимоии иродаи миллӣ баҳри инкишофи муносибатҳои Тоҷикистон ва Хитой омодаанд.
3. Тарафҳо нақши комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитойро оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар тақвияти ҳамкории амалии ду кишвар баланд арзёбӣ намуданд. Таъкид намуданд, ки Тарафҳо нақши онро боз ҳам баландтар хоҳанд бардошт, низоми тиҷорати байни ду кишварро беҳтар хоҳанд кард, шаклҳои ҳамкориро ғанӣ хоҳанд гардонд, роҳҳои ҳамкориро тавсеа хоҳанд дод ва миқёс ва сатҳи тиҷоратро баланд хоҳанд бурд.
Тарафҳо барои беҳтар намудани муҳит дар тиҷорат ва сармоягузорӣ дар асоси баробарӣ ва манфиати мутақобила кӯшиш ба харҷ медињанд, ки шароити мусоид барои воридоти маҳсулот, хизматрасонӣ, техника ва сармоя фароҳам меоваранд, ба муоширати мардуми ду кишвар мусоидат менамоянд, барои таъмини амнияти шахсӣ, молӣ ва дигар ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони воқеии кишвари дигар дар қаламрави худ дар асоси қонунгузории дохила, ҳамчунин уҳдадориҳои гирифташудаи Тарафҳо дар чаҳорчӯбаи иттиҳодияҳои интегратсионии мухталиф тадбирҳои босамар хоҳанд андешид.
Тарафҳо минбаъд низ ҳамкориро дар корҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи нафт ва гази табиӣ таҳким хоҳанд бахшид, ҳамкориро дар коркард ва истифодаи њамаљонибаи онҳо вусъат хоњанд бахшид, бомуваффақият ба итмом расонидани лоиҳаҳои энергетикӣ ва зерсохтори ҷориро таъмин хоҳад кард, ҳамкориро дар дастёбӣ ба сарчашмаҳои энергияи таҷдидшаванда, густариш хоҳанд дод.
Тарафҳо ҳамфикранд, ки лоиҳаи хатти чоруми лӯлаи гази “Осиёи -Марказӣ Хитой” тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи стратегии ҷавобгӯи манфиатҳои миллии ҳар ду Тараф мебошад. Тарафҳо ҳамоҳангии зичи кориро барои таъмини ҳамаҷонибаи иҷрои бомуваффақияти он ба роҳ хоҳанд монд. Дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкорӣ дар сохтмони лӯлаи газ ва истифодабарии он, Тарафҳо ба мақсади таъсиси механизмҳои бехатар ва устувори истифодабарии лӯлаи гази Тоҷикистон ва Хитой машваратњо баргузор менамоянд.
Тарафҳо омодаанд то ҳамкориро дар ҷустуҷӯи муштараки канданиҳои фоиданок ва коркарди онҳо бо мақсади ба даст даровардани манфиат ва бурди муштарак минбаъд низ тавсеа диҳанд. Тарафи Хитой омода аст таҷҳизоти пешқадами энергетикию иқтисодиро барои мусоидат ба Тарафи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба норасоии барқ пешнињод намояд.
Тарафҳо ҳамкории молиявиро тақвият хоҳанд бахшид, ҳисоббаробаркуниро бо асъори миллӣ дар тиҷорати дуҷониба пеш хоҳанд бурд, миқёси тақдими қарзро фаъолона ва ба гунаи лозима тавсеа хоҳанд дод, ба таври амиқ усулҳои нарм ва мухталифи дастгирии молиявии лоиҳаҳои муҳимми ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард. Тарафи Хитой омодагӣ изҳор намудааст, ки минбаъд низ ба Тарафи Тоҷикистон дар амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ мусоидат намояд ва соҳибкорони Хитойро барои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонањо дар Тоҷикистон ташвиқ намояд.
Тарафҳо мувофиќанд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт самти муҳим дар густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Хитой ба ҳисоб рафта, шароити ҳамлу нақли байналмилалии роҳи оҳан, автомобилӣ ва ҳавоиро фаъолона такмил хоҳанд дод. Тарафҳо масъалаи суръат бахшидан ба сохтмони шоҳроҳи Тоҷикистон-Хитойро баррасӣ хоҳанд намуд, зерсохтори нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии Кулма-Қаросуро беҳтар хоҳанд кард, механизмҳои дарозмуддат ва босуботи ҳамкориро барои идоракунии нуқтаи гузаргоҳи назоратӣ дар сатҳҳои маъмурияти ҳукуматӣ ва маҳаллӣ бо мақсади баланд бардоштани даромаднокии интиқоли нуқтаи гузаргоҳи назоратӣ таъсис хоҳанд дод.
Тарафҳо ҳамкориро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тақвият хоҳанд бахшид, бозори дуҷонибаи интиқоли ҳавоиро тавсеа хоҳанд дод, шароитҳои мусоид барои муоширати халқҳои ду кишвар фароҳам хоҳанд овард.
Тарафҳо барои баланд бардоштани нақши Комиссияи Тоҷикистон ва Хитой оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар роҳбарият ва ҳамоҳангии ҳамкории кишоварзии амиқ кӯшишҳои иловагӣ ба харљ њоњанд дод, ҳамкории амалиро дар парвариши намунавии зироати кишоварзӣ, парвариши сабзавот, селексия ва парвариши чорво, байторӣ, обзипарварӣ дар обҳои ширин, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва савдо, ҳамчунин омода намудани техникаи кишоварзӣ ва табодули он таҳким хоҳанд бахшид. Тарафҳо таъсиси муштараки паркҳои намунавии илм ва техникаи хоҷагии қишлоқ, тавсеаи ҷорӣ ва татбиқ намудани техникаи хоҷагии қишлоқ, пешбурди ҳамкорӣ байни корхонаҳои ду кишвар дар таҳкими истеҳсоли маводди хоҷагии қишлоқ, коркард ва фурӯши он идома хоҳанд дод.
Тарафҳо минбаъд низ абзор ва барномаи Зеркомиссия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти худмухтори Синтсзян- Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳошияи Комиссияи байниҳукуматии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ЭКСПО “Хитой-Евразия”–ро бо мақсади ба сатҳи нави баланд бардоштани ҳамкорӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, истифода хоҳанд бурд.
Тарафҳо омодаанд, то табодули амалӣ ва ҳамкориро дар мањалњо пеш баранд, ба барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни музофотњо, вилоятҳо ва шаҳрҳо бо дарназардошти сохтор ва хусусиятҳои саноати маҳаллӣ ва дар асоси мукаммал намудани ҳамдигар мусоидат намоянд.
Тарафҳо қайд намуданд, ки ташаббуси ба гунаи муштарак сохтани навори иқтисодии Роҳи абрешим имкониятҳои нави таърихиро барои ҳамкории ҳамаҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой фароҳам меоварад. Тарафҳо омодаанд муносибатҳои зичро густариш диҳанд ва барои бунёди навори иқтисодии Роҳи абрешим муштаракан кӯшиш ба харҷ диҳанд ва ба ин васила дурнамои нави васеъро барои ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитой ифтитоҳ намоянд.
4. Тарафҳо таъкид намуданд, ки терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм чун хатари ҷиддӣ ба сулҳу истиқрор дар минтақа боқӣ мемонанд. Тарафҳо дар асоси Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм аз 15 июни соли 2001 ва Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ҷудохоҳӣ ва экстремизм аз 2 сентябри соли 2003 минбаъд низ алоқаҳои байни маќомоти њифзи њуќуќ, амният ва мудофиаро таҳким мебахшанд, якҷоя бо “се ќувваи шарр”, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар шаклњои ҷинояти муташаккилонаи фаромиллӣ мубориза хоҳанд бурд.
Тарафҳо алоқаҳои зич ва ҳамкориро барои ҳимояи амнияти интернетӣ бо мақсади пешгирии киберҷиноятҳо, ки ба амнияти ду кишвар зарар хоњад расонд, таъмин менамояд.
Тарафҳо дар якҷоягӣ амнияти сохтмони хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказї-Хитойро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бехатарии истифодабарии онро таъмин хоҳанд кард, ҳамкориро дар таъмини амнияти лоиҳаҳои калонҳаҷми ҳамкорӣ, ҳамчунин дар таъмини аминияти чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ, ки дар қаламрави ду кишвар баргузор мегарданд, тақвият хоҳанд бахшид. Бо ин мақсад Тарафҳо амалияи табодули таҷрибаро дар тайёр намудани кадрҳо, инчунин табодули техника, таҷҳизот, маълумот ва мусоидат дар баррасии парвандањоро амиқ хоҳанд кард, дар якҷоягӣ ба таҳдидҳои нав ва чолишҳое, ки дар раванди рушд ва амният зуњур мекунанд, ҷавоб хоҳанд дод.
5. Тарафҳо таъкид карданд, ки ҳам Хитой ва ҳам Тоҷикистон дорои таърихи қадима ва фарҳанги бой буда, иқтидори баланди рушди ҳамкории гуманитарӣ доранд. Тарафҳо минбаъд низ омодаанд, то ҳамкориҳоро дар соҳаи илм ва техника, фарҳанг, маориф, туризм, тандурустӣ ва варзиш таҳким бахшанд, алоқаҳои дӯстонаро байни муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ВАО, ташкилотҳои халқии дӯстӣ, коллективҳои бадеӣ ва созмонҳои ҷавонон бо мақсади таҳкими пайвастаи ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ байни ду халқ тавсеа бахшанд.
Тарафи Хитой омодагиро барои минбаъд низ пешниҳод намудани бурсияи давлатӣ барои донишљўёни муваффақи тоҷикистонӣ, ки дар қаламрави Хитой таҳсил мекунанд таъкид менамояд, ба Тарафи тоҷикистонӣ дар тайёр намудани кадрҳои касбӣ дар тамоми соҳаҳо мусоидат хоҳад кард, масъалаи таълими муштаракро, ҳамчунин вобаста ба ниёзи воқеї зиёд намудани омӯзиши забони хитоӣ дар Тоҷикистон ва такмил додани фаъолияти институти Конфутсий дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, баррасӣ хоҳад намуд.
7. Тарафҳо муљаддадан таъкид менамоянд, ки пойдории сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷавобгӯи манфиатҳои умумии тамоми кишварҳои минтақа мебошад. Тарафҳо қатъиян муқобили дахолати қувваҳои беруна ба корҳои дохилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо кадом баҳона ва ё усуле, ки набошад ва барои барҳам задани субот дар Осиёи Марказӣ равона шудааст, баромад менамоянд. Тарафҳо муносибатҳои наздикро барои пойдории сулҳу субот дар минтақа ба мақсади мусоидат ба ҳамкории байнидавлатӣ нигоҳ хоҳанд дошт.
Тарафҳо ба вазъияти Афғонистон аҳамияти хосса дода, таъкид мекунанд, ки истиқрор ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъият дар Афғонистон вобастагии зич дорад. Тарафҳо ба муњиммияти раванди сулҳ ва барқарорсозии Афғонистон таҳти роҳбарии мардуми афғон ва бо иштироки Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми тарафҳои манфиатдор таъкид менамоянд. Тарафҳо қайд менамоянд, ки имкониятҳои Созмони ҳакории Шанхай, дигар созмонҳои минтақавӣ ва абзорҳоро барои ҳалли қазияи Афғонистон ба таври пурра ба кор андохта, бо тамоми кишварҳои минтақа бо мақсади ноил гардидан ба сулҳу субот, истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар Афғонистон кӯшиш ба харљ медињанд. Тарафи Тоҷикистон Тарафи Хитойро дар гузаронидани Конфронси чоруми вазирони корҳои хориҷии раванди Истанбул барои Афғонистон дар нимаи дуюми соли 2014 дастгирӣ менамояд.
Тарафи Хитой саҳми Тоҷикистонро дар ҳалли қазияи Афғонистон ва таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ баланд арзёбӣ намуд. Тарафҳо барои барқарорсозии Афғонистон дар њамкорї бо дигар кишварҳои минтақа якҷоя кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. Тарафҳо тадбирњои муносибро барои таҳкими амният дар сарҳад ва пешгирии гардиши ғайриқонунии аслиҳа роњандозї хоҳанд кард.
7. Тарафҳо минбаъд низ ҳамкории бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ таҳким хоҳанд бахшид.
Тарафҳо нақши марказии Созмони Милали Муттаҳидро дар пойдории сулҳ дар љањон ва мусоидат ба рушди муштарак ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ таъкид менамоянд. Тарафҳо љонибдори баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Шӯрои амнияти СММ, такмилдиҳии қудрати истодагарии он ба таҳдиду чолишҳо бо мақсади иҷрои босамари вазифаҳои нигоҳдории сулҳ ва амният, мувофиќи низомномаи СММ тариқи гузаронидани ислоҳоти оқилона ва зарурӣ њастанд. Тарафҳо зарурати, пеш аз ҳама, зиёд намудани намояндагии кишварҳои рушдёбандаро дар Шӯрои амният бо мақсади имконият пайдо намудани кишварҳои хурд ва миёна дар иштироки қабули қарорњои Шӯрои амнияти СММ таъкид намуданд. Тарафҳо гузаронидани ислоҳотро тариқи ройзаниҳои васеъ дар асоси унсурҳои демократӣ, бо мақсади ноилшавӣ ба ҳалли дастаҷамъона ва консенсуси васеътар дар маҷмӯи масъалаҳои ба ислоҳоти Шӯрои амнияти СММ иртиботдошта дастгирӣ менамоянд.
Тарафҳо муттафиқ бар онанд, ки Созмони ҳамкории Шанхай дар њифзи амнияти минтақавӣ, таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди байни кишварҳои аъзо нақши муҳим бозида, ба рушди муштараки тамоми кишварҳои аъзо мусоидат менамояд. Тарафҳо сохтори минтақавии зиддитерористии СҲШ-ро дар соҳаи мубориза бо ”се ќувваи шарр”, терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм дастгирӣ менамоянд, барои Тарафњо таъмиќи ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амният ҳамаҷониба омодаанд, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат ва сармоягузорӣ, ҳамчунин либерализатсияи онҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай мусоидат хоҳанд кард, сохтмони зерсохтори нақлиётиро, аз ҷумла бо роњи ташвиқи таъсиси суратҳисоби махсус ва бонки рушди СҲШ пеш хоҳанд бурд, имконияти таъсиси абзори ҳамкориро дар соњаи амнияти озуқаворї баррасӣ хоҳанд кард.
Тарафи хитоӣ бо изњори қаноатмандї қайд намуд, ки Тарафи тоҷикистонӣ раёсат дар СҲШ дар сатҳи баланд ва корҳои тадорукотиро ба Саммити СҲШ бомуваффақият анљом дод ва саҳми муҳим дар рушд ва густариши СҲШ гузошт.
Тарафҳо муттафиқ бар онанд, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда ва санадҳои зимни сафари давлатӣ имзошуда ба рушди минбаъда ва тақвияти муносибатҳои стратегии шарикӣ байни Хитой ва Тоҷикистон такони нав хоҳанд дод, ба таҳкими дӯстии анъанавии ду кишвар мусоидат намуда, барои густариш ва инкишофи муштарак ба нафъи халқҳои ду кишвар кӯмак хоҳанд кард.
Аз натиҷаи гуфтушунидҳо Сарони ду давлат Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой барои солҳои 2015-2020-ро қабул намуданд, ки он ба таҳким ва рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои дарозмӯҳлати мутақобилан судманд нигаронида шудааст. Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тзинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои пазироии гарму дӯстона ва меҳмоннавозї изҳори ташаккур ва қадрдонӣ карда, барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмонро дар фурсати ба ў муносиб даъват намуд. Муҳлати сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси
Ҷумҳурии Халқии Хитой
13 сентябри соли 2014, ш. Душанбе