Нишасти матбуотӣ: «Дар Тоҷикистон то танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ содироти баъзе намудҳои он қатъиян манъ карда шудааст»
Дар Тоҷикистон то ба танзим даровардани нархи маҳсулоти кишоварзӣ содироти баъзе намудҳои он, аз ҷумла картошка, пиёз, инчунин тухм манъ карда шудааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода баён дошт.
Тибқи иттилои Вазири кишоварзӣ, барои замина гузоштан ба ҳосили соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ кишти картошкаи барвақтӣ дар майдони 1706 гектар, сабзавоти барвақтӣ дар майдони 13378 гектар, аз он пиёз 9828 гектар, карам 816 гектар, сабзӣ 1812 гектар, сирпиёз 60 гектар ва дигар сабзавот дар майдони 866 гектар гузаронида шудааст. Кишти картошкаи барвақтӣ ба 89,2 фоиз ва сабзавоти барвақтӣ ба 109,2 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ ва ба ин васила муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ 496 адад анбор, сардхона ва яхдон сохта ва барқарор карда шудаанд, ки аз он 218 ададаш сардхона, 49 адад яхдон ва 229 адад анборхона мебошад. Иқтидори ғунҷоиши онҳо 187 055 тонна маҳсулоти кишоварзӣ буда, ба пешгирӣ намудани талафёбии маҳсулот, захираву нигоҳдорӣ ва ба роҳ мондани содирот мусоидат менамоянд.
Дар нишаст изҳор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намуданд, «ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем».
Сарвари давлат ба кишоварзон пайваста дастур медиҳанд, ки «аз як замин аз 1-2 то 3-4 ҳосил рӯёнидан мумкин аст». Кишоварзони мамлакат ин дастурро амалӣ намуда, солҳои охир бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилиро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуда истодаанд.
Гуфта шуд, ки барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ то моҳи сентябри соли 2022 дар майдони 114,3 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмӯъ 8,9 ҳазор гектар ё 8,5 фоиз зиёд буда, 119,1 фоизи дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»