Дар Душанбе дурнамои ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ намуданд
3 феврал дар Душанбе Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири рушди иқтисодии Федератсияи Русия Максим Решетников густариши ҳамкории иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ карданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Таъкид карда шуд, ки Русия калонтарин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тайи даҳ соли охир дар сохтори гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар ҷойи аввал қарор дорад.
Дар натиҷа дар соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ байни давлатҳо зиёда аз 1,6 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 321 миллион доллар ё 23,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоя аз Федератсияи Русия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳаматарафа ба сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ва Форуми сармоягузории сатҳи баланди Тоҷикистон ва Русия, таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ, аз ҷумла баргузории Конфронси 9-ум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Илова бар ин, ҷонибҳо дар бораи ҷараёни иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мубодилаи маълумот намуданд.
Инчунин ҷонибҳо омодагии худро барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати афзоиш ва диверсификатсияи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ҷониби Русия изҳор намуданд.
АМИТ «Ховар»