Дар сардхонаҳои Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» захираи 1750 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имкон дорад
Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат», ки яке аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, дорои ду сардхонаи замонавӣ буда, бо мақсади таъмини бозори дохилӣ дар фаслҳои зимистону баҳор бо маҳсулоти кишоварзӣ дар онҳо асосан давоми сол сабзӣ, картошка, лаблабу, ангур, анор, олу, хурмо, биҳӣ, ангур ва себ захира карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳоло дар сардхонаи 2-и ин муассисаи кишоварзӣ 200 тонна сабзӣ нигоҳ дошта мешавад.
Сардхонаи 1-ум моҳи июни соли 2018 ва сардхонаи 2-юми «Боғи миллии Ваҳдат» моҳи ноябри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маҷмӯъ дар ин ду сардхонаи замонавӣ захира намудани 1750 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имкон дорад.
Дар сардхонаҳо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамоянд, васлу насб карда шудаанд.
Мавриди таъкид аст, ки Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2008 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 631 гектарро ташкил медиҳад.
Имсол кишоварзони Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» 6,9 гектар токзори кӯҳнаи муассисаро, ки 14 сол қабл бунёд шуда буд, аз нав барқарор мекунанд.
Токзори нав дар асоси таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода бунёд карда мешавад.
АМИТ «Ховар»