Тоҷикистон ва Русия фонди сармоягузорӣ таъсис медиҳанд
Моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия ба нақша гирифта шудааст. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия, хусусан масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти вазорати иқтисоди Федератсияи Русия баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки масъалаҳои ҷалби сармоя аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, таъсиси фонди сармоягузории Тоҷикистон ва Русия аз мавзуъҳои меҳварии вохӯрии дуҷониба буд.
Ҷонибҳо ҳамчунин барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Русия ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АМИТ «Ховар»