БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ омили муқтадирӣ ва пойдории давлат аст
Таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти ҳаётан муҳим касб намудааст. Манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити феълӣ манофеи бақодории давлат, аз ҷумла ҳимояи истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзии мамлакат, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ ва ҳимояи давлат аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд. Чунин изҳори андеша намуд муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил БАРОТОВ дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар арафаи таҷлили солгарди 30-юми Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба андешаи мавсуф, дар шароити зоҳиршавии таҳдидҳои нави замони муосир артиши миллӣ воситаи муҳимтарини ҳимояи ватану сарзамин аз хатарҳои берунӣ ба ҳисоб рафта, дар низоми таъмини амнияти ҳарбии мамлакат мақому манзалати хосса дорад.
«Қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷассуми суннату ормонҳои волои ниёгон ба ҳисоб меравад. Дар масири дури таърихи миллат намунаҳои барҷастаи артишро метавон мушоҳида намуд. Эҳёи артиши миллӣ дар шароити давлатдории миллии тоҷикон таҷассумгари муҳимтарин рукни давлатдории ниёгонамон дар тӯли таърих мебошад. Аз назари таърих, мафҳуми «артиш» баробари суннатҳо ва рукнҳои давлатдории ниёгони мо, тоҷикон ташаккул ёфта, дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ рисолати муқаддаси худро иҷро намудааст»,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Бояд ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нақши Артиши миллиро дар раванди барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, ба эътидол овардани вазъи сиёсию ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ махсусан муҳим арзёбӣ менамоянд.
Дарвоқеъ, амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳимояшавандагии манфиатҳои ҳарбии мамлакатро дар назар дошта, дар низоми манфиатҳоии миллӣ ҷойгоҳи хоссаро соҳиб мебошад.
Исроил Баротов дар ин замина иброз медорад, ки эҷоди тавозуни стратегӣ ва таҳкиму густариши ҳамкории стратегӣ ҳамчун бахши муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми манфиатҳои ҳарбии давлат нақши муҳим дорад. Таҳкиму ҳимояи манфиатҳои ҳарбӣ асоси фаъолияти Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои мамлакат маҳсуб мешавад.
«Илова бар ин, сохторҳои мухталифи Артиши миллӣ рамзи олии Ватану ватандорӣ, сипари воқеӣ аз таҳдидҳои ҳарбӣ ва пойдевори истиқлоли давлатӣ дар шароити рушди давлатдории миллии тоҷикон мебошанд. Аз ин нуқтаи назар Артиши миллӣ дар шароити дигаргуниҳои нави ҷаҳонӣ барои давлати мо нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон, асоси пойдории давлат ва мазҳари идеалу ормонҳои таърихии миллат мебошад. Зеро ягон давлат бе артиши миллии муқтадиру муҷаҳҳаз пойдор буда наметавонад»,- илова кард ӯ.
Ба гуфтаи Исроил Баротов, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос ва басо мушкили таърихие ташаккул ёфтанд, ки заминаҳои моддиву техникии он дар ҳамон давраҳо дар маҷмӯъ ба сифр баробар буд. Дар он шароит мамлакати мо тавассути ватанхоҳони худхоҳу дурӯғин ва душманони сохти конститутсионӣ, ки ба арзишҳои дунявият дар сохтори нави давлатдорӣ ситеза доштанд, ба гирдоби кашмакашҳои даҳшатангез кашида шуд.
«Эҳёи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дастоварде буд, ки ба музаффарияти давлат дар шароити эҳёи давлатдории миллӣ дастовардҳои сифатан нав зам намуд. Бузургтарини он пешгирӣ намудани хатари аз байн рафтани давлату миллат ва таҳкиму густариши мақсадҳои миллӣ дар масири минбаъдаи давлатдорӣ буд. Махсусан нақши барҷастаи онро дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти ҳарбию сиёсии мамлакат дар шароити пуртазоди низои таҳмилӣ метавон арзёбӣ намуд, ки ҳамчун рисолати таърихӣ шоистаи таҳсину офарин аст»,-изҳор дошт И. Баротов.
Самтҳои афзалиятноки таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар меҳвари сиёсати дохилӣ қарор доранд, балки он дар сиёсати хориҷии мамлакат низ ҷойгоҳи хосса дорад. Махсусан ҳамкории амниятию ҳарбии Тоҷикистон бо шарикони стратегӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар шароити афзалияти геополитикӣ пайдо намудани минтақаи Осиёи Марказӣ махсусан муҳим мебошад.
Ҳамин тариқ, ҳоло мардуми шарифи мамлакат дар остонаи таҷлили 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аскарону афсарони ҷонфидои сохторҳои мухталифи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ дар таҳкиму ҳимояи манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши тақдирсоз дошта, дар шароити пуртазоди минтақа ва ҷаҳон барои таъмини амнияти давлат ва миллат пайваста дар талош мебошанд.
«Аз ин рӯ мардуми хештаншиноси тоҷикро низ мебояд аз ҷабри таърих ва гузаштаи фоҷиабори хеш сабақ гирифта, дар баробари Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сипари боэътимоди Ватан бошанд»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»