Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар Қаҳрамонмараши Туркия ҷасади 9 нафарро пайдо карданд
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар вилояти Қаҳрамонмараши Ҷумҳурии Туркия 17 соат корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ анҷом дода, аз зери харобаҳои як бинои истиқоматии шашошёна ҷасади 9 нафарро берун оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.
«Мутахассисони мо дар ноҳияе, ки аз заминларзаи харобиовар бештар зарар дидааст, кор мекунанд. Техника бо ковшҳо пораҳои вазнини харобаҳоро яктарафа карда, наҷотдиҳандагони Кумита бо таври дастӣ он ҷойҳоеро, ки ҳоло метавонанд одамон дар зери харобаҳо бошанд, тоза менамоянд», — омадааст дар иттилоия.
11 феврал, соати 08:00 ба вақти Туркия наҷотдиҳандагони Тоҷикистон корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии худро идома доданд.
Ҳамзамон дар минтақаи офати табиӣ дар баробари наҷотдиҳандагон чор корманди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия низ фаъолият доранд.
АМИТ «Ховар»