Маҳфил дар Кумита: Куруши Кабир ва шахсияту корнамоиҳои он
Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маҳфили “Хирадмандон” дар соли 2023 гузаронида шуд, ки дар он роҳбари маҳфил, узви Иттифоқи нависандаогни Тоҷикистон Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод, аъзои маҳфил ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Нахуст, роҳбари маҳфил мавзуи баррасишавандаро муаррифӣ намуда, гуфт, ки дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки маданияти моддиву маънавии онро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣ мебардоранд. Барои мо чунин шахсият Куруши Кабир буд, ки ба нахустин империяи мутамаддини ориёӣ бунёд гузоштааст.
Сипас, маърузачӣ, корманди ҶСК “Телерадиоком” Раҳмихудо Саидзода дар бораи рўзгор ва шахсияту корнамоиҳои Куруши Кабир маълумот дода, аз сиёсати оқилонаи давлатдории ў ёдовар шуд. Куруши Кабир ба эътиқоду ақоиди миллатҳои дигар низ эҳтиром мегузошт. Ба ибораи имрўз, сиёсати давлатдории Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос ёфта буд. Эъломияи Куруш, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондўстӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст. Ин Эъломия, ки бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур аст, дар Осорхонаи Британияи Кабир маҳфуз буда, аз рӯи баъзе манбаҳо намунаи нахустини Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният бошад.
Баъди анҷоми маъруза, оид ба шахсият ва давлатдории Куруши Кабир аъзои маҳфил табодули афкор намуданд. Ҳамчунин, барои рангину дилнишин гузаронидани маҳфил аз ҷониби омўзгор ва ҳунарманди шинохта Раҷабалӣ Юсуфӣ суруду мусиқиҳои гушнавоз садо доданд.
Чунин маҳфилҳо дар кумита тибқи нақша моҳе ду маротиба доир шуда, аъзои он аз рӯи феҳристи муайян намунаи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, адабиёти ҷаҳонӣ, адабиёти муосир ва адабиёти бачагонаро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, дар атрофи масоили мубрами соҳа мубодилаи афкор мекунанд.
“Ҷаҳони Паём”