Барқияи шодбошӣ ба Раиси ҷумҳури мунтахаби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси ҷумҳури мунтахаби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Ҷалолатмаоб,
Иҷозат фармоед интихоби Шуморо ба ҳайси Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсиси давлати ваҳдати миллиро ба Ҷалолатмаоби Шумо ва кулли мардуми дӯсти Афғонистон самимона табрик намоям.
Давлати ваҳдати миллӣ ниёзи ҳаётии кишвар ва мардуми бародари Афғонистон аст. Мо аз оғози таъсиси низоми навини сиёсӣ дар кишвари Шумо зарурати эҷоди давлати фарогир ва мутавозин ва дорои пойгоҳи васеи иҷтимоӣ ва ваҳдату иттиҳоди тамоми нерӯҳои ватандӯст ва созандаро пайваста таъкид менамудем.
Орзумандам ин давлати ваҳдати миллӣ бо талошу тадбир ва садоқату ҳадафмандии муштараки Ҷалолатмаоби Шумо ва Ҷалолатмаоб Абдулло Абдулло кишвари Афғонистонро дар шоҳроҳи субот, созандагӣ, пешрафт, иттиҳод ва ваҳдати шикастнопазири мардум муттаҳидона ва масъулона пеш барад.
Таманнои онро дорам, ки муносибатҳои таърихан дӯстонаи ду кишвари ҳамнажоду ҳамзабон ва ҳамфарҳангу ҳамдини мо густариши матлуб ёбанд ва ҳамкории судманди мо бо сайъю талоши муштарак ба сатҳи сифатан нав ворид гардад.
Бо истифода аз ин имкони нек ба Ҷалолатмаоби Шумо сиҳати комил ва муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми бародари Афғонистон амният, субот ва хушрӯзӣ таманно дорам”.