Маҳфили навбатии “Хирадмандон” бахшида ба Рўзи Модар
Ба муносибати Рӯзи Модар дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии «Хирадмандон» машварати навбатӣ доир намуд, ки дар он аъзо ва меҳмонон ширкат варзиданд. Нахуст роҳбари маҳфил нависанда Сипеҳр Ҳасанзод шеъри шоири шаҳир Эраҷ Мирзоро дар ситоиши модар намуна оварда, онро барои наслҳову асрҳо арзишманд арзёбӣ кард:
Гўянд, маро чу зод модар,
Пистон ба даҳон гирифтан омўхт.
Шабҳо бари гаҳвораи ман,
Бедор нишасту хуфтан омўхт.
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шеваи роҳ рафтан омўхт.
Як ҳарф ду ҳарф бар забонам,
Лабханд ниҳоду гуфтан омўхт.
Пас, ҳастии ман зи ҳастии ўст,
То ҳастаму ҳаст, дорамаш дўст.
Роҳбари маҳфил афзуд, ки месазад ба Модар, ба ин Худои хона бинозем. Аз модардор бадавлат дар ҷаҳони ҳастӣ одаме нест! Модар аст, ки пеши корамон кушодаву рақибонамон пиёдаанд. Модар аст, ки аз дилозурдагиҳо ба зудӣ халос меёбем. Ба шарофати ў дари хонаамон яку ду медарояд. Ҳамраҳаш диламон бақуввату дидаҳомон рўшан аст. Модар аст, ки номардиҳои номардонро ба як пули пучак намегирем. Дуои хайри ў аз чашмони бад ҳифзамон мекунад. Бо вуҷуди азобу шиканҷаҳои сипардааш моро ба олами офтобӣ раҳнамун аст. Паноҳидан дар сурати ў давлати фархундагист. Алқисса, як қудсияти покест, Модар!
Аъзои маҳфил Саодат Ашўрова, корманди Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Само Ҳоҷизода, корманди Муассисаи давлатии телевизиони кўдакону наврасон-«Баҳористон» , Заррина Раҳматова, ҳуқуқшиноси Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон», Мирсаид Сатториён, муовини сармуҳаррири шабакаи «Овози тоҷик» , Умед Холов, муҳаррири Радиои Тоҷикистон ва дигарон дар васфи модар бо эҳсосу ҳарорати наҷиби фарзандӣ каломи рўҳбахш гуфтанд, ки ба аҳли толор писанд афтод.
Ҳамчунин аъзои маҳфил самимияту эҳтиромашонро ба модарони бузургвор изҳор дошта, ҳар яке пораҳои ибратомўзеро ҳикоят карданд. Ин бошад, дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷавонони имрўза нақши муассир мегузорад. Таври маълум, ҳастанд ғафлатзадагоне, ки нисбати волидайн беҳурматӣ мекунанд. Наворҳои воқеиро аз ҳаёти одамон далел овардан кофист, ки дар барҳаётӣ падар ё модари барҷомондаву дардманди худро ба Хонаи пиронсолон бурда месупоранд. Ин амал дар таомули суннатии мо, тоҷикон, ҷоиз нест. Мақоли халқӣ мегўяд: «Одам бо дуо, дарахт бо об месабзад».
Дар маҳфили «Хирадмандон» инчунин ашхоси дилбастаи китобу китобхонӣ ва маърифатандўз ихтиёрӣ омада, назари хешро дар мавзуоти марбут ба осори адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ва дигар масоили матраҳ баён карданд. Баҳриддин Ҳабибзода аз зумраи онҳоест, ки дар машваратҳо на танҳо пайваста ширкат меварзад, балки бо шеърхониҳои баландмазмунаш дар дили ҳаводорони сухан маъво гирифтааст.
Маҳфили «Хирадмандон»-и Кумита бахшида ба Рўзи Модар бо оҳанги шевою суруди дилчаспи ҳунарманди шинохта Раҷабалӣ Юсуфӣ анҷом пазируфт.