Мулоқоти Раиси Кумита Асадуллои Раҳмон бо Гаврук Олга Анатолевна
Нашр шуд. Ҷум, 26/09/2014 - 17:06
Рӯзи 25.09.2014 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадуллои Раҳмон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гаврук Олга Анатолевна вохӯрӣ намуд.
Мулоқоти мазкур дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Белорус, ки 24-26.05.2014 ҷараён гирифта буд, баргузор шуд. Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар дар қатори дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ Созишнома байни Ширкати миллии давлатии телерадиошунавонии Ҷумҳурии Беларус ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (24.05.2014 ш. Минск) ба имзо расида буд.
Дар вохӯрии Раиси Кумита бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои Созишномаи мазкур, табодули таҷриба ба воситаи ташкил ва гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ё курсҳои такмили ихтисос, мубодилаи барномаҳои телевизионӣ, радиоӣ, филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Хамчунин, дар мулоқот тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки Рӯзҳои телевизиони Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар ин рӯзҳо намоиши филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатии Беларус дар шабакаҳои давлатии телевизионҳои Тоҷикистон намоиш дода мешавад.