Натиҷаҳои сафари кории Сарвазири мамлакат ба Ню - Йорк
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади иштирок дар Иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии СММ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди ин созмон, инчунин мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои иштирокчии иҷлосия, роҳбарияти СММ ва сохторҳои он бо сафари корӣ дар шаҳри Ню Йорки ИМА қарор дошт.
Ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Нью Йорк 23-юми сентябри соли равон дар нахустин Иҷлосияи байналмилалии Иқлим 2014 иштирок намуданд.Дар ин чорабинии сатҳи баланд, ки нахустин маротиба бо иштироки сарони давлату ҳукуматҳои давлатҳои узви СММ баргузор гардид Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода суханронӣ кард.Бо таваҷҷӯҳ бо мушкилоти имрӯзи иқлими сайёра Сарвазири мамлакат зимни суханронии хеш изҳори итминон кард, ки ин чорабинии муҳим давлатҳои сайёраро барои андешидани чораҳои бетаъхир дар роҳи пешгирии ҳолатҳои тағирдиҳандаи иқлим боз ҳам наздик мегардонад. Бо дарназардошти камшавии ҳаҷми пиряхҳои минтақа, ки манбаи асосии оби нушокӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд, Қоҳир Расулзода бори дигар аз иштирокдорони иҷлосия доир ба иқлим даъват ба амал овард, ки ташаббуси ҷониби Тоҷикистон доир ба таъсис додани Хазинаи байналмилалии наҷоти пиряхҳоро пуштибонӣ карда барои ҳифзи манбаи таббии оби минтақа саҳмгузор бошанд.
25 уми сентябр дар қароргоҳи СММ бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо намояндагии доимии давлатҳои дигари узви СММ чорабинии махсуси сатҳи баланд доир ба кам кардани хавфи офатҳои таббии марбут ба об баргузор шуд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронии хеш дар ин чорабинӣ изҳор дошт, ки офатҳои табии марбут ба об сарҳад надошта эҳтимолияти таҳдиди хатари онҳо ба ҳамаи давлатҳои сайёра вуҷуд дорад. Бо дарназардошти афзун будани хатари офатҳои табии марбут ба об, Қоҳир Расулзода зарурияти ҳамоҳангсозии иқтидору имконоти давлатҳои минтақа ва ҷаҳонро дар пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои таббии марбут ба об махсус таъкид намуд. Ба андешаи Сарвазири мамлакат дар ин маврид фаъолсозии тадбирҳо ва фондҳо оид ба кам намудани хатари офатҳои таббии марбут ба об ва бо ин васила кам кардани таъсири ин офатҳо ба хаёти инсоният дар ҷаҳон нақши муосир дошта метавонад.
24-уми сентябри соли равон мубоҳисаҳои умумисиёсии Иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии СММ оғоз гардида дар нимаи дуюми рӯз раисии ин иҷлосия бар ӯҳдаи ҷониби Тоҷикистон вогузор шуд. Бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Аслов ба ҳайси муовини роҳбари иҷлосияи маҷмааи умумӣ мубоҳисоти умумиро раисӣ намуд.
25-уми сентябр Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар кори Иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии СММ иштирок ва суханронӣ кард. Дар суханронии худ Сарвазири мамлакат Расулзода аз ҷумла доир ба таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи давлатҳо дар идоракунии захираҳои оби минтақа ва пешгирии хатари тағирёбии иқлими сайёра таклифу пешниҳодоти судманд баён кард.Бо ёдоварӣ аз тадбиру талошҳои бесобиқаи роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди камбизоатию бекорӣ ва дастрасии бештар ба дастоварҳои дигари Ҳадафҳои рушди ҳазорсола Қоҳир Расулзода таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд ва барои расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола бо иқтидору имконоти дохилии худ талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Бо таъкиди Сарвазири мамлакат барои пешбурди вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама шароити мусоиди сармоягӯзорӣ фароҳам оварда шуда ба пешбурди сатҳи иқтисодиёт ва таъмини шуғли аҳолӣ таваҷҷӯҳи зарурӣ дода мешавад.
Ҳамзамон Сарвазири мамлакат аз минбари баланди СММ доир ба дигар масъалаҳои ҳалталаби сатҳи минтақа ва ҷаҳон аз ҷумла таъмини бемайлони рушди иқтисодию иҷтимоии сайёра, роҳандозии тадбирҳои муштарак дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетика ва нақлиёт, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҳолатҳои истифодаи интернет бо мақсадҳои терористӣ ва вазъи кунунии ҳамсоякишвари Афғонистон сухан гуфта изҳори итминон кард, ки маҷмааи умумии СММ барои таъмини рушди устувори ҷаҳон ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар сайёра шароити созгор фароҳам хоҳад овард.
Шоми 24 уми сентябр дар қароргоҳи СММ маросими супоридани ҷоизаи махсус ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Барои саҳми бузург дар ҳалли масоили вобаста ба об ва пешоҳангӣ дар амалисозии ташаббусу иқдомҳои ҷаҳонии марбут ба об Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷоизаи махсуси «Ҷануб-Ҷануб» сарфароз гардонида шуд. Сарвазири мамлакат зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ ба роҳбарияти олии СММ барои дастгирию пӯштибонӣ аз иқдомҳои ҷаҳонии роҳбарияти Тоҷикистон доир ба об арзи сипосу минатдорӣ кард.
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ню Йорк вохӯрию мулоқотҳои хоссаи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Муовини дабири кулли СММ У Хунбо , роҳбари барномаи рушди СММ хонум Ҳелен Кларк, ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ хонум Лора Так ва муовини нахуствазири Сербия Ивитса Дачич доир гардид. Масоили ҳамгироӣ бо СММ ва сохторҳои он, ҳамбастагӣ дар таъмини татбиқи барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, амалинамоии барномаҳои нави ҳамкорӣ ва сармоягӯзорӣ дар соҳаҳои гуногун ва баррасии дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Сербия мӯҳтавои асосии ин мулоқоту сӯҳбатҳоро ташкил медод.
АМИТ «Ховар»