Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро ба ҳузур пазируфтанд
9 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни суҳбат маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду давлат баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории давлатҳо, ки бемайлон тавсеа ёфта, соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифтааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамёрӣ пешниҳод гардид, ки кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, фаъолияти Шӯрои тиҷоратӣ ҷоннок карда шавад.
Рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту боркашонӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи долонҳои нақлиётии Туркманистон аз самтҳои ояндадори ҳамкории ду давлат арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ фаъол гардидани робитаҳо ва ҳамкории байнипарлумониро, ки дар пешбурди тамоми маҷмӯи муносибатҳои ду мамлакат нақши муҳим доранд, иброз намуданд.
Дар мулоқот ҷиҳати густариши ҳамкории гуманитарии давлатҳо идомаи тадбирҳо барои гузаронидани конференсияҳои якҷояи байналхалқии илмию амалӣ, фестивалҳо, симпозиумҳо, инчунин ташкил намудани вохӯриҳои аҳли зиёи ду мамлакат зарур шумурда шуд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байналмилалии наҷоти Арал, мулоқотҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ муҳокима гардид.
Дар фарҷом ҷонибҳо ҷадвали чорабиниҳо ва мулоқоту тамосҳои дуҷонибаи дарпешистодаро мавриди назар қарор доданд.