Имрӯз дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик пуршукуҳ таҷлил гардид
Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма инъикосгари таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ буда, барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд. Зеро инкишофи шуури ҷамъиятро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз худ намудан ва таҳлилу тарғиби фаъолияти сохторҳои ҷомеа фақат ба воситаи онҳо имконпазир мебошад. Чунин иброз гардид имрӯз зимни ифтитоҳи ҳамоиши тантанавӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Пеш аз оғози ҳамоиш намоиши китоб доир гардид, ки иштирокдорони он аз китобҳои тозанашри нависандагону шоирони тоҷик дидан намуданд.
Дар ҳамоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва дигарон иштирок намуданд.
Вазири фарҳанг зимни ифтитоҳи ҳамоиш Рӯзи матбуоти тоҷикро аз қабили падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки он бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 инҷониб дар саросари Тоҷикистон ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 111 сол сипарӣ гардид. Ҳамасола ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ ба як зумра рӯзноманигорон унвонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», сипосномаҳо ва ба расонаҳои иттилоотӣ диплому ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ иброз доштанд, ки «имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».
Матбуоти тоҷик дар баробари ҳамқадами замона будан пастиву баландиҳои зиёдеро убур намудааст. Таъсису ташаккули он осон сурат нагирифта, дар ҳар давра нисбат ба ташаккули он омилҳои зиёде вуҷуд доштааст. Яке аз онҳо- ин пеш аз ҳама, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ истифода кардан аз матбуот буд. Зиёиёну равшанфикрони гуногун ормонҳои худро аз ин минбар баён дошта, аз мавҷудияту ҳастии миллат садо баланд мекарданд. Матбуот ба ин васила маҳбубият пайдо карда, дидгоҳе ба ҳисоб мерафт, ки ҳақиқатҳои зиёдеро равшану возеҳ менамуд.
Тавре дар суҳбат бо мо сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳмоналӣ Шералӣ иброз намуд, дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад. Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дониста мешавад. Зеро таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд».
Дар хотима иштирокдорон иброз доштанд, ки ВАО ва матбуот роҳнамои ҳаёт ва нишондиҳандаи набзи ҷомеа мебошад ва бигзор ин рисолатро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»