«БУХОРОИ ШАРИФ» - НАХУСТИН НАШРИЯИ ТОҶИКӢ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рўзи матбуот бо шукўҳу тантанаи хосса ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар ташкилотҳои эҷодӣ намояндагони васоити ахбори омма бо гузаронидани чорабиниҳои махсус ва пешкаши муштариён гардонидани дастранҷи килки зебоиофар омодагӣ мебинанд. Маҳфили «Хирадмандон»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин доира истисно нест.

Маҳфили навбатӣ дар Кумита маҳз ба киромидошти ин рўзи саид барпо гардида, дар он аъзои маҳфил ва меҳмонон ширкат варзиданд. Сароѓоз Умар Темур, Ҳунарманди халќии Тоҷикистон, хотири ҳозиронро бо як навозиши ҷаззобу рӯҳбахш болида гардонд.

Баъдан, зикр гардид, ки ҳанўз яксаду ёздаҳ сол муќаддам – 11 марти соли 1912 нахустрўзномаи тоҷикии «Бухори шариф» ба нашр расида буд, ки ин падидаи фараҳбахш барои аҳли зиёи онзамона маҳсуб меёфт. Чун роҳбарони ваќти шўравӣ, дарбориёну рўҳониёни эҳтиёткор бо ҳар роҳу васила мардумро аз рўзномахонӣ дур нигоҳ доштан мехостанд, ин амал ба осонӣ ҳам ба даст наомад. Ҳатто Элчихонаи ҳукумати рус ба кор монеъ мешуд. Хушбахтона, рўзномаи «Бухорои шариф» ба дасти хонандаи хушзеҳн расид ва ин муҷдаро равшанфикрону тараќќихоҳони Бухоро истиќбол карданд. Рўзнома дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л.Н. Левин, воќеъ дар шаҳраки Когон, бо иќдоми тоҷир Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва шоир, публисист Мирзо Сироҷи Ҳаким рўи чоп дид. Аввалин муҳаррири рўзнома адиб ва рўзноманигори маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода буд.

 Дар саҳифаҳои рўзномаи «Бухорои шариф» бори аввал хонандагони тоҷик бо осори нависандагони рус Л.Н. Толстой, А.М. Горкий, адиби Фаронса Анри д. Рине ва дигарон ошноӣ пайдо карданд. Дар маҷмўъ, 153 шумора ба дасти хонандагон расида буд, ки баъди шаш моҳ фаъолияти рўзномаро боздоштанд. Омили асосӣ ин буд, ки Левини яҳудӣ аз рўзнома фоидаи кам дида, аз нашри минбаъдаи он канор ҷуст. Муштариёну харидорони нашрия бисёр мехостанд, ки «Бухорои шариф» аз чоп барояд. Шумораҳои охири рўзнома маҳз бо ёрии маблаѓи молиявии онҳо бароварда мешуд. Сабаби аслии воќеа дар дигар ҷо буд. Чуноне устод Садриддин Айнӣ менависад: «Бухорои шариф» ва «Тўрон» рўз ба рўз диќќати мардумро ба худ бештар ҷалб мекарданд… Дар тасаввури хонандагон фикрҳои нав пайдо шудан гирифт. Ин вазъ ба кайфи Элчихона мувофиќ наомад.» Ҳамин боис шуд, ки 2-юми январи соли 1913 аз Элчихонаи Русия ба идораи нашрия оид ба басташавии рўзномаҳои «Бухорои шариф» ва «Тўрон» мактуб ирсол гардид. 

Тибќи рўзномаи маҳфил Умедҷон Холов, муҳаррири шабакаи «Садои Душанбе», дар мавзуи «Нахустин нашрияи тоҷикии Осиёи Миёна» суханронӣ намуд. Ба иддаои гузоришгар ҷунбишу инќилобҳои паиҳам дар оѓози садаи ХХ ва ошноии равшанфикрону тараќќихоҳони тоҷик бо адабиёту матбуоти ҳамзабонону халќҳои дигар дар бедорӣ ва ташаккули таҷаддудхоҳӣ, ҷунбиши ҷадидони Бухоро бо амвоҷи наҳзати машрута ва озодиталабонаи соир кишварҳо наќши бориз бозидааст. Бо вуҷуди таъќиби ошкору ниҳони ҳукуматдорон равшанзамирони бухороӣ саъй мекарданд, ки камбуду навоќиси ҷомеаро барҳам зада, оммаро ба олами тамаддун ошно созанд. Дар ин роҳи душвору сангин мактаби ҷадиди Абдулвоҳиди Мунзим ва шарикдарсонаш Садриддин Айнӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ ва Ҳамидхоҷаи Меҳрӣ дар як муддати кутоҳ миёни мардум эътибор пайдо намуд. Фармудаи Айнии бузургвор ба ин маънӣ далолат мекунад: «Ҳукумати Бухоро, ки ба ягон кории одии маданӣ роҳ намедод, ба нашри рўзномае , ки дар пеши назараш чун муфаттише шуданаш мумкин буд, чӣ гуна роҳ дода метавонист?» 

Дар беҳбуд бахшидани мазмуну мундариҷаи рўзномаи «Бухорои шариф» Мирзо Сироҷи Ҳаким хидмати шоистаеро анҷом додааст. Ӯ баъди сафарҳои тӯлонӣ ба мамолики Шарқу Ғарб асари “Тӯҳафи аҳли Бухоро”-ро нигошта, омили ба ин кори савоб даст заданашро ин зайл шарҳ медиҳад: “Чун дар Фарангистону Русия расм аст, ки сайёҳони он ҷо маҳз касб кардани иттилоъ аз чигунагии милали одам ва маълумот ҳосил намудан аз фарқи мухталифи рубъи маскун ва донистани тамоми баҳру бари рӯйи замин солҳои дароз бо машаққатҳои зиёд ва заҳматҳои ҷонгудоз мулк ба мулк, шаҳр ба шаҳр рафта, ободиҳо ва харобиҳои дунёро дида, тарақиии ҳар милалу фирқаро фаҳмида, ҳамаро бо силки таҳрир дароварда, тақдими бародарони динӣ ва ватании хеш медоранд.

Он ҳама мулкгирӣ ва футуҳоти пай   дар пайи дували Фаранг аз натиҷаи сайёҳати мардумони боилми онҳост. Натиҷаи кашфи Амрико аввал аз баракати илм, баъд аз ҳиммати сайёҳат аст. Ин ходими миллат низ ба онон таассӣ намуда, баъд аз он ҳама сафару сайёҳати чандинсолаи иҷмолии худро, ки бо таҷрубиёте, ки аз ин мусофиратҳо ҳосил намудам, ба силки таҳрир давроарда, дарҷи ин маҷалла намуда, тақдими милати худ намудам.”

Мирзо Сироҷи Ҳаким он ҳама таҷрибаву сафарҳоеро, ки аз сайёҳат ҳосил намудааст, ин гуна ба риштаи назм мекашад:

Чист сафар? Мояи илму ҳунар,
Чист сафар? Таҷрубаи хайру шарр.

Ҳаст сафар мояи анҷомҳо,
Ҳаст сафар пухтакуни хомҳо.

Ҳар кӣ сафар кард, хӯрад заҳру қанд,
Ҳар кӣ сафар кард, шавад ҳушманд.

Ҳар кӣ аз ин шарбати мо нӯш кард,
Кашмакаши даҳр фаромӯш кард.

Он чӣ дар аснои сафар дида шуд,
Бе каму нуқсон ҳама вочида шуд.

Ҳамин раҳоварди сафар боис гардид, ки шоир ва публисист Мирзо Сироҷи Ҳаким  бо Мирзомуҳиддини Мансур, тоҷири машҳури бухороӣ, дар паи таъсис додани рӯзномаи тоҷикӣ шуданд. Бино бар иттилои устод Айнӣ ҳарду соли 1912 “аввал мудири матбаъаи Когон Левини яҳудиро дида, ба вай аз нашри рӯзнома ваъдаи манфиъати зиёде нишон дода, ӯро ба майдон андохтанд.” Мирзомуҳиддини тоҷир дар зимни равуой ба Элчихона бо далоили ба идораҳои рус шиносонидани мардуми Бухоро ва инъикоси ривоҷи пахтакорӣ лозим будани ҳамин гуна як рӯзномаро фаҳмонда, Ҳайдархоҷа Мирбадалови тарҷумонро ба мудирии рӯзнома пазируфтанд. Сафоратхона масъулияти сензориро ба дасти худаш гирифт. Дертар рӯшанфикрони Бухоро Мирзоҷалол Юсуфзодаро аз Боку ба ҳайси муҳаррир даъват намуданд, ки дар кори табъу нашр таҷриби ғанӣ дошт.

Нахустрӯзномаи “Бухорои шариф” муннодӣ ва таблиғгари ғояҳои миллии тоҷикон дар муҳити он давр ба шумор мерафт. Бо ҷаҳду талоши бевоситаи тараққихоҳон ва махсусан, муҳаррири он Мирзоҷалол рӯзнома дар қаламрави аморату мардуми Осиёи Миёна ва ҳатто Эрону Афғонистон, Русияву Ҳиндустон ва Қафқозу Туркия ва чанде аз мамолики мусулмонӣ муштариёни худро пайдо карда буд. Барои дастрасии маълумот идораи нашрия дар шаҳрҳои Ишқобод, Самарқанд, Истонбул ва ғайра мухбирони махсусро ба кор ҷалб карда буд.  

Сипас, аъзои маҳфил Аҳмад Ҳоҷиев, корманди Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо”, Заррина Раҳматова, ҳуќуќшиноси Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”, Зулайхо Сафарова, корманди Телевизиони мусиќии Тоҷикистон-“Шаҳнавоз”, ҳамчунин ихлосмандони сухан Муҳаммадҷон Раҷабов, Раҷаббой Аъзамов, Баҳриддин Ҳабибзода ва Убайдулло Хўҷаёров атрофи моҳият, мазмуну мундариҷа ва аҳамияти вежаи рӯзномаи “Бухорои шариф” дар бедории миллии тоҷикон назари хешро баён доштанд.

Аён гашт, ки ҳар гуна падидаи нек дар авроқи таърих маҳфуз монда, номи ровиёни он бо муҳаббату самимият зикр карда мешавад. Аз ин ҷиҳат 11 марти соли 2012 қаламкашони мамлакат 100-умин солгарди рӯзномаи “Бухорои шариф”-ро бо шукӯҳу шаҳомоти баланд истиқбол гирифта буданд. Ҳамзамон, ба ин муносибат нишони “100-солагии матбуоти тоҷик” низ таъсис дода шудааст.   

Маҳфили навбатӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо суруди дилчаспи Убайдулло Хӯҷаёров ба анҷом расид.

Сипеҳр Ҳасанзод,
роҳбари маҳфили
“Хирадмандон”