Шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзон ва мулоқот бо мардуми ноҳияи Панҷ
Дар хоҷагии деҳқонии Ҷонони ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинов Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсули кори кишоварзон бевосита шинос шуда, бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Панҷ мулоқот намуд.
Зимни шиносоӣ бо кори аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии Ҷонон, аз ҷумла зикр гардид, ки ин хоҷагӣ 8 га замин дар ихтиёр дорад ва дар 4 гектараш пахта кишт намудаанд. Чунонки аён гардид, нашъунамои пахтаи хоҷагӣ хуб аст ва деҳқонон бовар доранд, ки аз ҳар гектараш 40 сентнерӣ ҳосил мегиранд.
Дар 4 гектари дигар ғаллакорию сабзавотпарварӣ, аз ҷумла тавассути кишти такрорӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ҷараёни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ноҳия, аз ҷумла аён гардид, ки солҳои охир сабзавоткорӣ, хусусан парвариши сабзавоти барвақтӣ хеле ривоҷ ёфтааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо назардошти афзоиши бесобиқаи талабот ба сабзавоти барвақтӣ, хусусан картошка ва пиёзу сабзӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, майдони кишти ин зироатҳо дар ин ва дигар ноҳияҳои кишвар васеъ карда шавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кори чорводорону парандапарварони ноҳияи Панҷ баҳои баланд дода, ба вусъати боз ҳам бештари ин корҳо таъкид намуд.
Зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Панҷ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, барои суръат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзун намудани майдони кишти сабзавоти барвақтӣ ва дигар тадбирҳои муҳим ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.