Суханронӣ дар мулоқот бо масъулону фаъолони ноҳияи Қумсангир
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама ба тамоми сокинони меҳнатдӯсту ганҷофари ноҳияи Қумсангир барои истиқболи гарму самимӣ ва саҳми сазоворашон дар ободу пешрафта гардонидани ин гӯшаи зебои диёрамон изҳори сипос намуда, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия фазои орому осуда ва баракати зиндагӣ орзу менамоям.
Таассуроте, ки мо имрӯз аз ҷараёни корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, намоишгоҳи ташкилнамудаи кишоварзон ва аз фаъолияти коргоҳу хоҷагиҳои ноҳия бардоштем, бори дигар собит менамояд, ки халқи заҳматпешаву созандаи мо сарфи назар аз баъзе ҳама мушкилот барои таҳкими пояҳои иқтисодии давлатамон содиқона заҳмат мекашад.
Ҳукумати мамлакат дар навбати худ ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва беҳтар гардидани рӯзгори сокинони он аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, дар давоми солҳои истиқлолият барои пешрафти ноҳия тавассути ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 350 миллион сомонӣ хароҷот кардааст.
Аз ҷумла аз ҳисоби фонди захиравии Президент ва Ҳукумати мамлакат, маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо, инчунин маблағҳои мақсаднок 255 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.
Ҳамчунин дар доираи 12 лоиҳаи сармоягузории давлатии баанҷомрасида ва дар ҷараёни татбиқи 3 лоиҳаи дигар ҷиҳати беҳсозии вазъи соҳаи маориф, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, фаъолияти мунтазами шабакаҳои барқӣ, идоракунии захираҳои об ва таъмини амнияти озуқаворӣ беш аз 390 миллион сомонӣ азхуд шудааст.
Ба ғайр аз ин, бо истифода аз маблағҳои сармоягузорӣ беш аз 40 километр роҳҳои мошингарди Қурғонтеппа – Дӯстӣ, Дӯстӣ – Панҷи поён ва пул аз болои дарёи Панҷ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Инчунин дар доираи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи 220 -киловолтаи Геран – Румӣ 31 километр хатти интиқоли барқ ва зеристгоҳи “Геран -220 киловолт” ба маблағи зиёда аз 130 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Ҳамаи шумо хуб дар хотир доред, ки дар натиҷаи заминҷунбии моҳи июли соли 2006 се нафар ҳалок гардида, ба иқтисодиёти ноҳия беш аз 60 миллион сомонӣ зарари моддӣ расида буд.
Ҳукумати мамлакат ба хотири ҳарчи зудтар бартараф сохтани оқибатҳои ин офати табиӣ тамоми чораҳоро андешид, то шароити зиндагии мардум барқарор карда шавад.
Дар натиҷаи таваҷҷуҳу ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат иншооту манзилҳои зарардида дар як муддати кӯтоҳ сохтаву барқарор карда шуданд.
Аз ҷониби дигар, дар доираи “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Қумсангир барои солҳои 2011-2015” татбиқи 182 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 100 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Вале натиҷаи арзёбии иҷрои барномаи зикршуда ошкор сохт, ки дар давоми 3 соли сипаришуда ҳамагӣ 38 лоиҳа ба маблағи 10 миллион сомонӣ иҷро шудаасту халос.
Бинобар ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор сабаби амалӣ нагардидани нақшаву ҳадафҳои дар барнома зикршударо ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешанд.
Дар баробари ин, дар барномаи рушди ноҳия 93 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, инфрасохтор ва экологиву ҳолатҳои фавқулодда ба нақша гирифта шудааст, ки сарчашмаи маблағгузории онҳо то ҳол муайян нест.
Ба андешаи мо, чунин услуби коргузорӣ ҳангоми таҳияи барномаҳои рушди минтақаҳо аз сатҳи нокифояи фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва сохторҳои дахлдори вазорат гувоҳӣ медиҳад.
Аз ҷониби дигар, пешниҳоди қарзи дарозмуддат аз ҷумлаи самтҳои муҳими дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ буда, зарур аст, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ боз ҳам баланд бардошта шаванд.
Инчунин ҷалби пасандозҳо яке аз сарчашмаҳои асосии қарздиҳии бонкҳо ба шумор рафта, бақияи пасандозҳо дар ноҳия ба ҳолати охири моҳи августи соли равон 7,5 миллион сомониро ташкил додааст.
Ҳаҷми қарзҳои додашуда ба ҳолати охири моҳи августи соли равон 42 миллион сомониро ташкил дода, ин рақам дар 10 соли охир 1,8 баробар афзоиш ёфтааст.
Бо мақсади қонеъ кардани талаботи рӯзафзуни иқтисодиёт ба маблағҳои қарзии дастрас ба бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузори хурд тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати баланд бардоштани эътимоднокӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи қарзӣ ва осон гардонидани дастрасии соҳибкорон чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ноҳияи Қумсангир барои рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ мусоид буда, дар ҳудуди он барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ имкониятҳои васеъ мавҷуданд.
Айни замон дар ноҳия беш аз 3,8 ҳазор субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳм мегузоранд.
Соҳаи саноат яке аз самтҳои тараққиёти иқтисодиёти ноҳия ба шумор рафта, дар ин ҷода истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои дохиливу сармоягузориҳои хориҷӣ омили муҳим ба ҳисоб меравад.
Гарчанде дар ноҳия 6 коргоҳи дӯзандагӣ ва корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ амал мекунанд, вале фаъолияти онҳо дар самти таъмини сифат ва истифодаи пурраи имконияту захираҳои мавҷуда то ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Масалан, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии ноҳия дар ҳаҷми 30 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз кам мебошад.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қумсангирро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор барои бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҳои таъхирнопазир амалӣ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки бо иқдоми Ҳукумати мамлакат дар қаламрави ноҳия Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ташкил карда шудааст, ки ҳадафи асосии он тавассути таъсис додани корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия мебошад.
Яъне аз соли 2010 то инҷониб ҳалли як қатор масъалаҳои аввалиндараҷа, аз ҷумла сохтмони хатти об ва пойгоҳи обкашӣ, иншооти иҳотавӣ, дидбонгоҳи гумрукӣ ва таъминоти он бо таҷҳизоти муҳандисиву техникӣ, инчунин барқарорсозии роҳҳои мошингарди ҳудуди минтақа суст ҷараён доранд.
Барои бунёди инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаи мазкур аз буҷети давлат 2,2 миллион сомонӣ, аз ҷумла танҳо соли ҷорӣ 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки истифодаи самараноку мақсадноки ин маблағҳо ба беҳтар шудани фаъолияти он мусоидат менамояд.
Ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” 8 ширкат ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст, ки сармояи онҳо зиёда аз 100 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ ширкатҳои минтақа истеҳсоли бомпӯшу қубурҳои калонҳаҷми металлӣ ва масолеҳи сохтмониро ба роҳ монда, дар ҷодаи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ саҳми сазовори худро мегузоранд.
Ҳамзамон бо ин, тибқи нақшаи генералии бунёди Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” барои пурра таъмин намудани ифрасохтори он 41 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бинобар ин, маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифадоранд, ки тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва воридоти технологияҳои навтарин ҷиҳати суръатбахшии раванди ташаккул ва рушди минтақа чораҷӯӣ намоянд.
Дар ноҳияи Қумсангир соҳаи кишоварзӣ омили асосии ба шуғли доимӣ ҷалб шудани аҳолӣ ва ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.
Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ назар ба соли 2007-ум 2,3 баробар зиёд гардида, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда қариб 317 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз зиёд мебошад.
Ҳарчанд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезиҳо, ангуру меваҷот, гӯшту шир ва асал дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст, вале майдони кишти зироат, истеҳсоли пилла ва картошка коҳиш ёфтааст.
Ҳамчунин боиси нигаронист, ки дар ноҳия соли 2013 назар ба соли 1992 ҳаҷми истеҳсоли пахта, пилла ва гӯшту шир ба таври назаррас кам шудааст.
Соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 17 ҳазор гектар кишти зироат гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2007 қариб якуним ҳазор гектар кам мебошад.
Инчунин майдони зиёда аз 600 гектар замин, аз ҷумла 460 гектар заминҳои обии ноҳия аз гардиши кишоварзӣ берун монда, ҳолати мелиоративии 300 гектар замин ғайриқаноатбахш мебошад.
Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхуд намудани заминҳои нав чораҳои дахлдор амалӣ намоянд.
Қобили дастгирист, ки кишоварзони ноҳия ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти зироатҳои барвақтӣ ва такрорӣ, инчунин бо мақсади ба танзим даровардани нарх дар бозорҳои дохилӣ соли ҷорӣ дар майдони 1350 гектар пиёзу картошкаи барвақтӣ кишт карда, ба ҳисоби миёна 400 - сентнерӣ пиёз ва 200 - сентнерӣ картошка ҷамъоварӣ намуданд.
Ҳоло дар майдони 6 ҳазору 350 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Вале дар ноҳия имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз ҳам хеле зиёданд.
Бо мақсади таъмини бозори дохилӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти барвақтӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулини соҳа бори дигар таъкид менамоям, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти зироатҳои барвақтии кишоварзӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қумсангир, масъулони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати дар муҳлати мувофиқ ва бо истифода аз тухмии хушсифат гузаронидани кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳо, инчунин риояи агротехникаи парвариши онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Ҳамасола аз буҷети мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ ва дигар иншооти обрасонӣ маблағҳои зарурӣ равона карда мешаванд.
Аз ҷумла дар давоми солҳои 2005 - 2014 дар доираи ду барномаи давлатии беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии мамлакат дар ноҳияи Қумсангир ҳолати мелиоративии 830 гектар замин беҳтар гардонида шудааст.
Ҳамзамон бо ин, дар ҷараёни амалисозии марҳалаи аввали лоиҳаи «Таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ дар солҳои 2011-2012» ҳолати мелиоративии қариб ду ҳазор гектар замин бо харҷи зиёда аз 50 миллион сомонӣ беҳтар карда шудааст.
Мехоҳам ёдовар шавам, ки тибқи “Барномаи давлатии азхуд намудани заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” дар ноҳияи Қумсангир навбати якуми барқарорсозии 6 ҳазору 500 гектар замин дар мавзеи Қарадум дар давоми солҳои 2016-2018 бо харҷи 33 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Соли гузашта майдони заминҳои партов дар ноҳияи Қумсангир зиёда аз 6 ҳазору 260 гектар ва майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда беш аз 600 гектарро ташкил намудааст, ки қариб 6 ҳазору 400 гектари онҳо заминҳои обӣ мебошанд.
Дар робита бо ин, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва пешгирӣ кардани партовшавии заминҳои корами ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳукумати кишвар рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии худ дониста, барои таҳсил ва ба воя расонидани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон тамоми шароити мусоидро фароҳам овардааст.
Дар давоми ҳафт соли охир дар ноҳияи Қумсангир 29 бинои нави таълимӣ ва 172 синфхонаи иловагӣ, аз ҷумла танҳо соли гузашта ду мактаби нав ба маблағи умумии қариб 23 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Тибқи нақша то охири соли равон дар ҷамоати Ваҳдати миллӣ ва шаҳраки Дӯстӣ ду мактаби муосир бо 14 синфхонаи муҷаҳҳаз сохта, ба истифода дода мешавад.
Умуман дар тӯли солҳои 1997 - 2014 тавассути дастгириҳои давлатӣ ва бо ҳиммати соҳибкорону падару модарон дар муассисаҳои таълимии ноҳия қариб 4 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст, ки албатта дар самти донишомӯзии хонандагон ва фаъолияти мусоиди кории омӯзгорон таъсири мусбат мерасонад.
Солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Қумсангир 20 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла се маркази саломатӣ ва 17 бунгоҳи тиббии замонавӣ сохта, дар 11 муассисаи солимгардонӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ гузаронида шудаанд.
Дар иртибот ба ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки ба фаъолияти бонизоми муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар иншооти иҷтимоӣ аҳаммияти махсус дода, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода омода намудани онҳо тадбирҳои муассир андешанд.
Вале дар баробари ин, дар соҳаи маорифи ноҳия то ҳол масъалаҳои ҳалталабе вуҷуд доранд, ки ҳаллу фасли онҳо аз мақомоти дахлдор масъулияти ҷиддиву саривақтиро тақозо менамояд.
Аз ҷумла, масоили вобаста ба таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, бахусус омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, тақвият додани корҳои тарбиявӣ дар байни хонандагон, дар зеҳни онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, татбиқи бечунучарои қонунҳои дар самти таълиму тарбия қабулшуда, тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон ва ҳифзу ҳимояи онҳо аз гаравиш ба ҷараёнҳои ифротгаро аз масъалаҳои ҳалталаб мебошад.
Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қумсангирро зарур аст, ки ҷиҳати рафъи масоили ҳалталаби соҳаи маориф ва таълиму тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар марҳалаи кунунии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷалби мардум ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот мебошад.
Мову шумо ҳамчун созандагони давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ бо такя ба заминаҳои ҳуқуқии давлатдориамон дар остонаи ҷашни бистсолагии қабули Конститутсияи кишвар ва Суруди миллӣ қарор дорем.
Ҳамаи мо вазифадорем, ки барои дар сатҳи баланди давлатӣ ҷашн гирифтани чорабиниҳои мазкур саъю талош намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии он мардумро раҳнамоӣ созем.
Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Қумсангир чун ҳарвақта бо меҳнати созандаи худ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саҳм мегузоранд ва дар таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакатамон саъю талош менамоянд.
Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо барори кор, хонаи обод ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям!
Инчунин хурду бузурги мардуми шарифи ноҳияро бори дигар ба ифтихори иди саиди Қурбон, ки дирӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо дар муҳити хурсандиву хушҳолии зиёд ва бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ таҷлил гардид, самимона табрик мегӯям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!