Ҳайати Тоҷикистон дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард
Дар доираи сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.
Аз ҷумла, раиси кумитаи ҳамоҳангсозии Маҷлиси Миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ, узви комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Фарҳод Раҳимӣ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар кори комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Саидмурод Фаттоҳзода, раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, илм, маориф, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, узви Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон дар кори комиссияи иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсон Маҳмадшоҳ Гулзода ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба мудофиа ва амният дар кори Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба мудофиа ва амният, ҷаласаи Комиссияи муштараки назди АБ ИДМ оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав Рустам Шоҳмурод, мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва робитаҳои байнипарлумонӣ Ҷовид Икромов дар кори ҷаласаи Шӯрои иқтисодии назди Шӯрои АБ ИДМ фаъолона иштирок намуда, андешаҳои хешро нисбат ба мавзуъҳои баррасишуда иброз доштанд.
Аъзои комиссияи мазкур дар ҷаласа якчанд масъала, аз ҷумла иштироки ҳайати АБ ИДМ дар ҷаласаи сеюми ҳамоҳангсозии Ассамблеяҳои байнипарлумонӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳидро баррасӣ намуданд.
Аъзои комиссия инчунин лоиҳаи Тавсияҳо барои давлатҳои узви ИДМ оид ба пешгирӣ ва рафъи қонуншиканиҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо назардошти пешниҳодҳо ва эродҳои аз парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ расидаро қабул намуданд. Тавсияҳои мазкур ба ҳамоҳангсозии танзими ҳуқуқии муносибатҳо ва амалҳое, ки аз истифодаи технология ва системаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бармеоянд, ба пешгирӣ ва рафъи амалҳои ғайриқонунии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари дигар вакилони парламентҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар масъалаҳоеро муҳокима намуданд, ки аксари кулли онҳо ба масъалаҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шуда буд.
Ҳамчунин дар ҷаласаҳои мазкур иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки дар фаъолияти қонунгузории худ аз қонунҳои намунавӣ хеле васеъ ва фаъолона истифода мекунад. Тайи солҳои охир савияву малакаи қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Мачлиси намояндагон бештар сайқал ёфта, таҷрибаи намояндагии онҳо боз ҳам ғанитар гардидааст.
Дар кори ҷаласаҳои комиссияи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода низ иштирок намуд.